16-17 майи соли 2024 дар шаҳри Бекобод бахшида ба 80-умин солгарди ҶС "Ӯзметкомбинат" конфронси байналмилалии илмию амалии «INNOMET.UZ - 2024» баргузор мешавад.
Самтҳои асосии конфронс:
➖ Технологияҳои инноватсионӣ дар металлургия;
➖ Технологияҳои сарфакунандаи энергия ва ҳифзи муҳити зист;
➖ Рақамикунонии истеҳсолоти металлургӣ, иқтисодиёт ва молия.
Дар назар аст, ки дар кори конфронс мутахассисони хориҷӣ, коршиносон, роҳбарону мутахассисони вазорату корхонаву муассисаҳо ва намояндагони макотиби олии соҳаи металлургия ширкат варзанд.
Аз рӯи натиҷаҳои конфронси байналмилалии илмию амалӣ маҷмӯи мақолаҳо ва тезисҳои илмӣ нашр карда мешавад.
Дар рафти конфронс меҳмонон бо фаъолияти истеҳсолии комбинат шинос мешаванд.