Дар ин рӯзҳо дар кишварамон 9 май – Рӯзи хотира ва қадр васеъ таҷлил карда мешавад.
Мутобиқи фармони Президент ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон мукофоти якдафъаинаи пулӣ дода шуда, ба онҳо ғамхорӣ, эътибор ва эҳтиром зоҳир карда мешавад.
Имрўз барои собиқадороне, ки даҳшатҳои ҷангро паси сар карда, ба марҳилаи аср расидаанд, саломатӣ аз ҳама муҳимтар аст. Бинобар ин ба мустаҳкам намудани саломатии онҳо диққати доимӣ дода мешавад. Ҳоло як гурӯҳ собиқадорони ҷанг дар беморхонаю санаторияҳо табобат мегиранд.
Президент Шавкат Мирзиёев 8 май ба Госпитали марказии ҳарбии клиникии Вазорати мудофиа ташриф оварда, аз ҳоли иштирокдорони ҷанг хабар гирифт.
Аз ноҳияи Боёвут Усмонота Хоҷиманов, аз ноҳияи Оққӯрғон Файзуллоота Нурматов, аз ноҳияи Паркент Анарбойота Ҷалилов, аз ноҳияи Ӯртачирчиқ Мухиддинота Дусанбоев барои табобат омаданд. Онҳо аз ҳаёти худ қаноатмандӣ ва аз эҳтироми давлату одамон хурсандӣ баён карданд. Саломатии онҳо дар зери назорати доимии иттиҳодияҳои тиббии ноҳия мебошад; ба онҳо доруҳои бепул ва ҳар сол ба санаторияҳо роҳхатҳо дода мешаванд.
Собиқадорон ба Президент дар бораи таҳсил, кор ва комёбиҳои набераҳояшон нақл карданд. Онҳо дар соҳаҳои гуногун, аз қабили маориф, сохтмон, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ кор карда, дар ободии кишварамон саҳми арзанда мегузоранд. Ҷавонон дониши замонавӣ мегиранд ва барои таҳсил ба хориҷа мераванд. Бобоён онҳоро даъват мекунанд, ки ба қадри сулҳу осоиш расида, ватанпар ва меҳнатдӯст бошанд.
– Тамоми саъй-кӯшишҳои мо ба он нигаронда шудаанд, ки халқамон қаноатманд бошанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Мо мехоҳем, ки натиҷаи ислоҳот то ҳар хонадон расад. Мо нақшаҳои калон дорем. Агар ҳама якҷо кор кунанд, мо ба ҳадафҳои худ зудтар мерасем. Дуои шумо барин пирони мо ба мо дар ин бобат кумак мерасонад. Зиндагии шумо – мактаби иродаву мардонагӣ, сухани шумо барои ҷавонон ибрат аст.
Ветеранҳо барои ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳ ба Сарвари давлат изҳори сипос намуданд. Барои сулҳу осоиши тамоми ҷаҳон ва ояндаи дурахшони ҷавонон даст ба дуо бардоштанд.
Дар госпитал собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон сазовор парвариш карда мешаванд. Соли 2022 муассисаи мазкур пурра таъмир ва биноҳои нав сохта шуданд. Госпитал барои 700 нафар пешбинӣ шуда, хизматчиёни ҳарбӣ, оилаҳои онҳо ва собиқадоронро ройгон табобат мекунанд. Пешниҳоди 286 намуди хизматрасонии ташхисӣ ба роҳ монда шуда, зиёда аз 600 намуди табобат амалӣ карда мешавад, қариб 30 шуъбаи махсусгардонидашуда ташкил карда шудааст.