ТАҲЛИЛҲОИ ТАНҚИДӢ БА НАФЪИ КОР АСТ

Дар маҷлисгоҳи ҳокимияти вилояти Қашқадарё бо иштироки сарварони секторҳо ва роҳбарони идораву ташкилоти қаламрав ҷамъомади таҳлиливу танқидӣ баргузор гардид.

Ин маҷлис «Соати ҳокимият» ном дошта, ба амал татбиқ гардидани қарору фармонҳои Президентро мавриди муҳокима қарор медиҳад.
Ҳокими вилоят М. Азимов кулли соҳаҳои ҳаётан муҳим, махсусан соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, рушди салоҳияти инвеститсионӣ, ба амал татбиқ кардани қарору фармонҳои Президент ва кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандонро аз нигоҳи танқидӣ таҳлил карда, аз фаъолияти  ҳокимияти баъзе ноҳия ва идораҳои масъул изҳори норизоӣ намуд. 
Вай гуфт ҳанӯз роҳбароне ҳастанд, ки ба иҷрои қарору фармонҳои Президент хунукназарона нигоҳ мекунанд ва дар бунёди Ӯзбекистони Нав ҳисса намегузоранд. Назар ба фикри ҳоким, ба ин қабил сарварон ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ намерасад. Вай таъкид кард, ки ба хусус дар масъалаи муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳаллу фасли онҳо камбудиҳои зиёд мавҷуданд. 
Ҳоким фармуд, ки ба роҳбарони муҳлати муроҷиатҳои мардумро барқасд кашолдода, ҷазои лоиқ дода шавад. Ба гуфти ӯ, агар муроҷиатҳо дар вақташ таҳлил ва мушкилот ҳал нагарданд, байни шаҳрвандон ва ҳокимияти маҳаллӣ ихтилофи назар ба миён меояд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: