МУШКИЛОТИ МАРДУМ ОҲИСТА БАРТАРАФ МЕШАВАД

Дар мамлакатамон барои он ки муаммо ва мушкилоти мардум дар маҳаллаҳо мавриди тадқиқу омӯзиш қарор дода шаванд, “Дафтари оҳанин” ва “Дафтари занҳо” роҳандозӣ шудааст.

Дар мамлакатамон барои он ки муаммо ва мушкилоти мардум дар маҳаллаҳо мавриди тадқиқу омӯзиш қарор дода шаванд, “Дафтари оҳанин” ва “Дафтари занҳо” роҳандозӣ шудааст. Дар натиҷа имкон фароҳам омадааст, ки дар муддати кӯтоҳ як қатор корҳо ба анҷом расонида шаванд ва иҷрои вазифаҳои дигар мавриди барномарезӣ қарор гиранд.
Пеш аз ҳама, таъкиди ин нуктаро ҷоиз медонам, ки  муайян намудани муаммову мушкилоти мардум дар бахши иҷтимоӣ аз авлавиятҳои кори Вазорати маҳалла ва пуштибонӣ аз оиларо ташкил медиҳад. Кӯмак расонидан ба хонаводаҳои камбизоат мунҷар ба он шудааст, ки барномаҳои хосеро чун “Дафтари оҳанин” ва “Дафтари занон” пиёда намоем ва оилаҳои ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёзманд аз кӯмакҳо бархурдор шаванд. 
Дар ин муддат тавонистем, ки дар ҳамкорӣ бо идораҳои маҳаллии худ қишри камбизоати мардуми соири вилоятҳои кишварамонро муайян намоем ва ҳолати иҷтимоиву иқтисодии онҳоро баррасӣ кунем. Мусаллам гардид, ки наҷот додани аҳолии камбизоат аз вазъи ногувор, корбарӣ бо онҳо аз ҳамаи мо бархурди ҷиддиро тақозо менамояд.
Агар ба амалҳои иҷрошуда назар андозем, аз оғози ҷорӣ намудани “Дафтари оҳанин” то имрӯз 599 ҳазору 529 хонавода ба ин феҳраст шомил шудаанд. Дар муддати кӯтоҳ масъалаву муаммоҳои онҳо дар меҳвари ҳаллу фасл қарор дода шуданд ва муваффақ гардидем, ки аз ин шумор 564 ҳазору 612  хонавода аз роҳҳои гуногун  ба қатори хонаводаҳои вазъи иҷтимоиашон миёна дохил шаванд. Аммо бо 34 ҳазору 917 хонаводаи боқимонда мунтазам кор бурда мешавад, роҳҳои раҳоӣ аз камбизоатии онҳо ба таври васеъ ҷустуҷӯ мегардад.
Қобили ситоиш буда метавонад, ки 665 ҳазору 930 нафари аҳолии ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёзманд ба корҳои гуногун фаро хонда шуданд. 
Яке аз воситаҳои ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ тарзи маҳаллабайъ мебошад, ки имрӯзҳо дар мамлакати мо аз ин падида фаровон истифода ба амал меояд. Дар фасли тобистон як қисми заминҳои аз ғалла холишуда ба ихтиёри аъзои хонаводаҳои камбизоат дода шуд ва дар ин майдонҳо истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба роҳ монда шуд. 
Ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор нафар, ки одамони ба ҷои кор эҳтиёҷманд шумурда мешуданд, дар 389 ҳазор гектар машғули парвариши маҳсулоти кишоварзӣ гардиданд. 
Бояд қайд намоям, ки мувофиқи қарори Президент аз 30 июли соли 2021 моҳи августи соли равон аъзои оилаҳои ба “Дафтари оҳанин” воридшуда, ҳар як нафар кӯдакони синни то 18-солаи сарпарасташонро аздастдода, инчунин маълӯлони то 18-сола аз ҳисоби маблағи аз буҷаи давлат ихтисосёфта кӯмакҳои якмаротибавиро дар ҳаҷми 500 ҳазор сӯм ба даст оварданд. 
Масъалаи аз нигоҳи иҷтимоӣ дастгирӣ намудани занону духтарон ва ба кор таъмин кардани занони бекор бар асоси низоми нав ба роҳ монда шудааст. Яъне ҳадафи асосӣ аз ҳамин иборат аст, ки бо пиёда кардани барномаи иҷтимоӣ занон аз ҳаёти фаровон баҳраманд мешаванд. Дар асоси ин тамойил то кунун бо миллионҳо нафар занону духтарони синнашон то 30-сола суҳбату мулоқотҳо баргузор карда шуданд ва маҳз масъалаву муаммоҳое баррасӣ гардиданд, ки онҳоро ба мушкилоти иҷтимоӣ мувоҷеҳ кардааст. 
Ходимони масъули вазорат дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳо ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ  ба 432 ҳазору 275 нафар занону духтарон кӯмакҳои амалӣ расониданд. Ба таври мисол, дар марҳилаи аввали низоми “Дафтари занон” 251 ҳазору 363 нафар занону духтарони ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд соҳиби манбаи даромад шуданд, 36 ҳазору 697 нафар занону духтарони бесарпараст 27 миллиарду 572 миллион сӯм кӯмакҳои моддӣ ба даст оварданд. 
Ғайр аз ин, ба 29 ҳазору 40 нафар занону духтарони маълӯл ё ба парвариши дигарон ниёзманд мувофиқи тартиби муқарраршуда  21 миллиарду 58 миллион сӯм кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Дар ин миён барои манзили 4 ҳазору 164 нафар занону духтарони маълӯл аз таъмир бароварда шуд. Ҳаҷми умумии маблағи барои ин корҳо сарфшуда дастикам 21 миллиард сӯмро ташкил менамояд. 
Маълум шуд, ки бархе аз аъзои хонаводаҳо дар ҷойҳои барои сукунат нолоиқ ба сар мебаранд. Дар натиҷа аз тарафи ҳомиён 8 миллиарду 635 миллион сӯм ҳақи иҷораи манзили онҳо пардохт гардид. 
Ба манзури кумак ба занони яккаву танҳо низ як қатор корҳои пурсамар анҷом дода шуданд. Дар ин самт маблағҳои харҷгардида дастикам 5 миллиард сӯмро ташкил мекунад. 785 миллион сӯми ин маблағ аз ҳисоби хазинаи “Саховат ва кӯмак” ва ҳудуди 1 миллирду 344 миллион сӯми он аз ҳисоби ҳомиён ва манбаъҳои дигар ихтисос дода шудааст. 
Расонидани ёрии тиббӣ, ҳуқуқӣ ва равонӣ низ аз шумури корҳое мебошанд, ки нисбати занону духтарони ба “Дафтари занҳо” воридшуда анҷом дода шудаанд. Ба субут расонидани ин корҳои савоб низ маблағҳои қобили мулоҳизаро ташкил медиҳанд. Бештар аз ҳазор нафар занону духтарон ба соҳаи соҳибкорӣ ҷалб гардиданд ва аз роҳи гирифтани кредит машғул ба фаъолияти хусусӣ шуданд.
Ногуфта намонад, ки то охири сол боз иҷрои корҳои зиёд барномарезӣ шудаанд. Дар ин замина ба коҳиши камбизоатӣ ва фаровонии ҳаёти мардуми мамлакат саҳми худро хоҳем гузошт.

Саодат
 БОЙМИРЗОЕВА,
сухангӯи Вазорати маҳалла ва 
пуштибонӣ аз оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: