ШУКӮҲ ВА ТАНТАНАИ ИДИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ФАРҒОНА

Дар саҳни кӯшки консертии ба номи Ислом Каримови шаҳри Фарғона бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тантанаи бошукӯҳ баргузор гардид.

Он таҳти унвони «Барои ҳаёти нав, барои Ӯзбекистони нав!» ба вуқӯъ пайваст.  Дар он ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров ширкат ва суханронӣ намуд.
– Натиҷаҳои ду чорабинии муҳими сиёсие, ки соли равон дар кишварамон баргузор гардид, яке раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тарҳи нави Конститутсия ва дуввумӣ – интихоботи президентии пеш аз мӯҳлат, сиёсати оқилонаи Сарвари давлатамон ва фаровоншавии ҳаёти мардуми моро бори дигар собит намуд. Дар ин ду маъракаи сиёсӣ сокинони вилояти Фарғона дастаҷамъона ширкат намуданд ва сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатамонро якдилона маъқул донистанд, – гуфт Х. Бозоров.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлатамон ба вилояти Фарғона соли 2023 дар доираи ҳамаи барномаҳо барои рушди инфрасохтори маҳалла беш аз 2,9 триллион сӯм ҷудо карда шуд, ки дар натиҷаи он 1 ҳазору 529 километр оби нӯшокӣ, 774 километр хати нави барқ, қариб 14 километр шабакаҳои гази табиӣ кашида шудаву 2 ҳазору 352 километр роҳҳо ба тартиб дароварда шуданд. 
– Бо камоли қаноатмандӣ қайд мекунам, ки роҳҳои дохилӣ мумфарш гардида, шароити маишӣ хеле беҳтар шуд, ба дурдасттарин деҳаҳои вилояти мо инфрасохтори замонавӣ расид, ки мардум аз ин дастовардҳоямон розиву қаноатманд мебошанд, – тазаккур дод Хайрулло Бозоров.
Қайд гардид, ки меҳнати пурмаҳсули кормандону коргарони идораву ташкилотҳо ва корхонаҳои гуногуни вилоят аз тарафи Сарвари давлат қадрдонӣ мешаванд. Ба таври мисол, дар фармони  Президент Шавкат Мирзиёев, ки ба муносибати 32-юмин солгарди  Истиқлоли  давлатии кишварамон эълон гардид, 32 нафар намояндагони вилоят бо мукофотҳои олии давлатамон – ордену медалҳо сарфароз гаштанд.
Тантанаи идона бо консерти калони ҳунарпешагони вилоят ва ҷумҳурӣ бо шавқу завқи том  давом кард. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: