Вазифаҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуданд

  • Вазифаҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуданд
  • Вазифаҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ баррасӣ шуданд

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 22 феврал оид ба масъалаҳои тезондани раванди рақамигардонӣ дар соҳаҳо ва минтақаҳо ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Тайи солҳои охир ба соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад, ки натиҷаҳои худро бахшида истодааст. Соли гузашта резидентҳои IT-парк ба маблағи 5 триллион сӯм хидмат расонида, ба маблағи 140 миллион доллар ба хориҷ хидмат содир кардаанд.

Аз 715 хидматрасонии давлатӣ 370-тоаш рақамӣ карда шуда, соли гузашта 12 миллион нафар аз хидматҳои электронӣ истифода кардаанд. Дар натиҷаи рақамсозӣ ба беш аз 70 намуди маълумотнома ва ҳуҷҷатҳо талаб аз аҳолӣ бекор карда шуд.

Аммо дар маҷлис қайд карда шуд, ки ин тадбирҳо кофӣ нестанд. Дар соҳаҳо ва минтақаҳо бояд кори бисёре ба ҷо оварда шавад. Аз ҷумла, аз 5000 функсияи вазоратҳо танҳо 30 дарсад рақамӣ гардонида шудааст. Даҳҳо намуди хизматрасонӣ дар соҳаҳои корҳои дохилӣ, адлия, стандартизатсия, тандурустӣ, ки аҳолӣ бештар ба онҳо муроҷиат мекунад, ба шакли электронӣ гузаронида нашудааст.

Дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ қисми асосии истеҳсол ва содирот ба шаҳри Тошканд рост меояд. Сохтмони IT-паркҳо дар Қароқалпоқистон, вилоятҳои Бухоро, Намангон, Сурхондарё, Навоӣ ва Тошканд то ҳол ба охир расонда нашудааст.

Дар ҷамъомад камбудиҳои мавҷудаи соҳа таҳлил карда, вазифаҳои оянда муайян карда шуданд.

Қайд карда шуд, ки дар оянда содироти хидматрасонии технологияҳои иттилоотӣ дар кишвари мо бояд ба 1 миллиард доллар расонида шавад. Барои ин ҳадди аққал 100 ҳазор барномасоз, меъмори IT, оператор ва муҳандисони соҳибихтисос лозим аст. Бояд шабакаи интернети баландсуръатро дар минтақаҳо васеъ намуда, барои иштироки  IT-ширкатҳои хориҷӣ муҳити мусоид фароҳам овард. Бинобар самтҳое, ки  баланд аст, ҷорӣ кардани хидматҳои нави электронӣ тақозо мегардад.

Сарвари давлат имкониятҳои рушди соҳаро номбар кард.

Пеш аз ҳама, муайян карда шуд, ки лоиҳаҳое, ки дар Тошканд озмуда шудаанд, дар ҳамаи вилоятҳо татбиқ карда мешаванд. Аз ҷумла, дар пойтахт чунин низомҳо аз қабили геопортали рақамӣ, портали рақамии соҳаи манзилию коммуналӣ ва системаи “Назорати халқӣ” ба роҳ монда шуданд. Дар ҳокимияти шаҳр департаменти рушди рақамӣ фаъолият дорад. Муайян карда шуд, ки ин сохтор ба ихтиёри Вазорати технологияҳои рақамӣ дода шуда, дар тамоми минтақаҳои кишвар ба раванди рақамисозӣ машғул хоҳад шуд.

Ба масъалаи рақамикунонии пурра ва муттаҳидсозии ҳамаи равандҳои бизнес ва хизматрасониҳои зарурӣ барои аҳолӣ диққати махсус дода мешавад.

Масалан, аз сабаби набудани базаи ягонаи хонандагон дар мактабҳо шумораи синфҳо гуногун буд. Моҳи сентябри соли гузашта дар натиҷаи ба ҳам мувофиқ кунондани базаҳои мактабҳо, кӯдакистон ҚАҲШ ва мақомоти корҳои дохилӣ 4000 синфҳои беасос ташкилшуда оптимизатсия карда, 350 миллиард сӯм сарфа карда шуд.

Сарвари давлат қайд кард, ки чунин корҳоро дар дигар соҳаҳо низ метавон анҷом дод. Ба вазорати иқтисодиёт ва молия супурда шуд, ба ин мақсадҳо маблағ ҷудо кунад, инчунин ба вазорату ҳокимиятҳо ними маблағҳои ба туфайли рақамисозӣ сарфашударо гузорад.

Дар назди Вазорати технологияҳои рақамӣ вазифа гузошта шуд, ки 26 низоми иттилоотиро ба Портали ягонаи хидматҳои давлатӣ пайваста, миқдори хидматгузориҳоро дар он ба 570 адад расонад.

– Ҳадафи рақамикунонӣ чист? Қаноатманд гардондани мардум, таъмин кардани шаъну шарафи инсон, адолат аст, – гуфт  Шавкат Мирзиёев.

Сарвари давлат таъкид кард, ки ҷавонон ба фанновариҳои иттилоотӣ омӯзонида шаванд, барои кор дар ин самт шароит фароҳам оварда, бозори маҳсулоти таҳиякардаи ҷавонон фароҳам оварда шавад.

Аз 1 апрел озмуни ҷумҳуриявӣ бо фонди ҷоизавии 1 миллион доллар дар самтҳои “Ҳукумати электронӣ”, “Барномаҳо барои бизнес”, таълим оғоз мешавад. Инчунин, 50 барномаи беҳтарин, ки ҷавонон дар минтақаҳо офаридаанд, аз ҳисоби маблағи фондҳои рақамигардонӣ харида мешаванд.  

Дар давоми ду соли охир дар мамлакати мо 215 маркази таълимии IT кушода шуд. Фароҳам оварда шудани имтиёзҳои молиявӣ барои чунин муассисаҳои таълимӣ ва хатмкунандагони онҳо эълон шуд. Аз ҷумла, барои ҳар як хатмкунандае, ки дар корхонае, ки маҳсулоти худро содир мекунад, ба кор ҷойгир шудааст, то 25 миллион сӯм ва барои ҳар як мутахассиси маъюби бо кор таъминшуда то 35 миллион сӯм кумакпулӣ дода мешавад. Ҷавононе, ки сертификати IT доранд, метавонанд соҳиби корти пластикии шахсӣ ва гирифтани қарзи имтиёзнок барои харидани компютер шаванд.

Лоиҳаи “Як миллион барномасоз” низ худро сафед кард. Дар ҳоли ҳозир аксари мутахассисони IT-паркро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки ин барномаро хатм кардаанд.

Омӯзиши ҷавонон, аз ҷумла тавассути платформаи “Coursera” васеъ карда мешавад. Боистеъдодтарин нафароне, ки аз интихоб гузаштаанд, дар асоси барномаи алоҳида барои бозори байналмилалии IT омода мешаванд.

Дар ҷамъомад инчунин масъалаи зиёд кардани экспорт дар саноат муҳокима шуд. Ҳадаф соли ҷорӣ ба 300 миллион доллар расидан аст.

Сарвари давлатамон зарурати фароҳам овардани шароити иловагӣ барои ҷалби фармоиш аз хориҷи кишварро таъкид намуд. Ба ин муносибат вазифа гузошта шуд, ки дар IT парк барои ширкатҳои хориҷӣ Маркази технологияҳои рақамии молиявӣ созмон дода шавад.

Оид ба масъалаҳои дар ҷамъомад баррасишуда маълумот ва пешниҳодҳои масъулин шунида шуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: