ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГӢ ОМӮЗ

Бо ташаббусу дастгирӣ ва ғамхории Раисҷумҳур барои донишомӯзии насли навраси мамлакатамон эътибори ҷиддӣ дода мешавад.

Бо ташаббусу дастгирӣ ва ғамхории Раисҷумҳур барои донишомӯзии насли навраси мамлакатамон  эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Тадбиру чорабиниҳо, мусобиқаҳои мухталиф барои мустаҳкам кардани дониши толибилмон гузаронида мешавад.
Дар шаҳри Навоӣ озмуни давраи сеюм (вилоятӣ) аз фанни забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид. Аъзои ҳакам ба донишу маҳорати иштирокчиён баҳои холисона дода, ғолибонро муайян намуданд. Хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 43-юми ноҳияи Нурато Хосият Рӯзиева, ки устодаш омӯзгори собиқадор, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон Элмурод Рӯзиев аст, бо гирифтани 84 хол сазовори ҷойи ифтихории якум гардид. Ҷойи дуюм бо гирифтани 82 хол ба шогирди мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нурато Нафиса Ҷӯраева (устодаш омӯзгори ҷавону умедбахш Ҳилол Рӯзиев) насиб гардид. Ҳар ду ғолиб барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ба толибилмон ва дар симои онҳо ба тамоми ғолибони озмуни вилоятҳо роҳи сафедро таманно дорем. Умед аст, ки дар давраи  ноҳиявии озмун низ пирӯзӣ насибашон мегардад.

Абдураҳмон ҒАФФОРОВ,
ҷонишини директор оиди корҳои тарбиявии 
мактаби шумораи 43-юми ноҳияи Нурато.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: