НИГИНИ КӮҲИСТОН

Аҷаб диёре

Ғелон аз дурдасттарин мавзеъҳои кӯҳистони ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарёст, ки аҳолиаш тоҷиконанд. 
Ин деҳаро нигини кӯҳистони минтақа меноманд ва аксар “Ғелони латиф” ҳам ном мебаранд. Вай аз дигар мавзеъҳои кӯҳистонӣ бо релефи нотакрор, тарзи махсуси хонасозӣ, боғзорони сабзу хуррам, мардуми наҷибу меҳмондӯсташ тафовут дорад. Ин ҷо макони ҳунармандони асил аст.  
Вақте шом фаромадаву мошин вориди деҳа гашт, чароғон буд Ғелон, дар иҳотаи кӯҳҳои баланд ва дили ин сангистон ба сони як пора алмос медурахшид. Чун ба деҳа ворид шудем, худро дар як кишвари афсонавӣ тасаввур кардам. Чаҳор тарафи деҳаро кӯҳҳои сарбафалаки Сиём, Аваз, Кабуд, Умохона... печонда буданд. 
Бояд гуфт, ки Ғелон аз маркази ноҳия дар 87 километр воқеъ гашта, аз сатҳи баҳр дар баландии 2000 метр ҷой гирифтааст. Аз маркази ноҳияи Шаҳрисабз деҳаҳои Ҷайрахона,Такия, Миракӣ, Чаккӣ, Бешбек, Ҳисорак ва Яккахонаро гузаштаву лаб-лаби рӯди хурӯшони Сафеддарё сарболо рафта, ниҳоят ба деҳаи Ғелон ворид мегардед. Қисми бештари ин роҳ аз сабаби солиёни зиёд тармим надидан харобу валангор шудааст, ки ҳаракати мошинҳоро душвор ва машаққати равуоро дучандон месозад. Мо шоҳиди он будем, ки ҳукумат ният дорад масофаи аз Ғелон то деҳаи Ҳисораки роҳро мумфарш намояд. То имрӯз қисмати бештари роҳ ба талабот мувофиқ карда шудааст. Аммо аз Ҳисорак то маркази ноҳия бахши бештари роҳи мошингард хароб буда, омаду рафтро мушкил месозад. 
Як ширкати чиноӣ дар соҳили Сафеддарё ба бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ азм намудааст. Айни ҳол дар пояи тавофуқи ҳукуматҳои ду давлат корҳои сохтмон бо суръат идома меёбанд. Мардум итминон доранд, ки баробари сохтаву ба истифода дода шудани ин нерӯгоҳ симои деҳаи Ғелону атрофи он куллан тағйир хоҳад ёфт ва мушкилоти роҳу дигар муаммоҳои иҷтимоӣ ҳам ҳаллу фасл хоҳанд шуд. Бояд тазаккур дод, ки даҳ сол муқаддам аз ин нерӯи барқ дар деҳаҳои кӯҳистонӣ як мушкили фавқулодда сангин ба ҳисоб мерафт. Мардум зуд роҳи берун рафтан аз ин бунбастро ёфтанд. Онҳо дар рӯдхонаи Сафеддарё зиёда аз панҷоҳ нерӯгоҳи хурди дастисохт насб кардаву тамоми сол хонаҳои худро чароғон карданд. Дар замони раҳбари имрӯзи давлат мушкили таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ аз байн рафт ва чораҳои маҳдудсозии он куллан барҳам хӯрданд. Аз ин рӯ, нерӯгоҳҳои дастисохти мардуми Ғелон ҳам аҳамияти худро аз даст доданд, аммо ҳоло дар соҳили Сафеддарё ягон-ягон аз ҳамон таҷҳизот боқӣ мондаанд, ки аз зиндагии пур аз мушкили даҳ соли пеши мардуми деҳ ҳикоят мекунанд. 
Мардум хеле меҳнаткаш ҳастанд ва рӯзгори худро ба нерӯи бозувон обод сохтаанд. Дар дурдасттарин ҷойҳои кӯҳ замин кушодаву даҳҳо ангори сарсабз бунёд кардаанд. Назар ба нақли аҳолии деҳ, панҷ-шаш сол қабл аз ин ғелониҳо ба киштукори картошка низ машғул буданд ва ҳосили ҳотаҳои онҳо ба ҷуз аз шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё вориди бозорҳои серхаридори Деҳнаву Тирмиз ва навоҳии дигари Сурхондарё низ мегашт. Як қисми даромади солонаи мардум аз фурӯши картошка фароҳам мешуд, ки ҳоло ба далели заъфи замин ва сирояти гамбуски колородӣ кошта намешавад. Бар замми ин, ба бозори дохилӣ ворид гардидани картошкаи Покистон ҷойро барои картошкаи Ғелон танг намудааст. Ин тавр, чандин сол аст, ки деҳқонони ин мавзеъ танҳо барои эҳтиёҷи рӯзмарраи худ картошка кишт мекунанд ва аксари заминҳо дар хидмати чорводорони маҳаллӣ даромадаанд. Чорводорӣ ҳам аз шуғлҳои дӯстоштаи аҳолии ин минтақа ба шумор меравад.  
Боз як ҷиҳати фарқкунандаи зиндагии деҳа он аст, ки мардум бештар дар ҳотаҳои худ дарахти сафедор менишонанд ва инро як манбаи даромади оилавӣ медонанд. Сафедор дар ин минтақа хеле хуб мерӯяд ва дар тафовут аз дигар ҷойҳо бенуқсон ба воя мерасад. Сифати сафедорони ин ҷо дар минтақа маъруф аст. Ба сабаби нисбатан фаровонии чӯбу тахтаи маҳаллӣ аксари мардуми Ғелон хонаҳои синҷӣ ё чӯбкорӣ месозанд ва ҳунари дуредгариву хонасозии ин мардум ҳам рушд кардааст. Хонаҳои мардум аксар дуошёнаанд, ки аз қадим мерос мондааст. Мардум ин тавр заминро сарфа карда, онро ба ниёзи дигари худ, чун боғу роғ, кишти сабзавоту дигар маҳсулот истифода мебаранд. 
Дар ин ҷо ҳунари оҳангарӣ низ ривоҷ дорад ва маҳсули дастони оҳангарони ғелонӣ дар минтақа машҳур гаштааст. 
Табиати мафтункори ин хок дар ояндаи наздик ба ривоҷи экотуризм ва туризми зиёратӣ мусоидат хоҳад намуд. Ин аст, ки инфрасохтори маҳаллаи “Ғелон” беш аз пеш ривоҷ меёбад ва нуқтаҳои хидматрасонӣ ба сайёҳон фаъолтар мегарданд. Айни ҳол 28 мағозаи фурӯши маҳсулоти гуногун, 12 меҳмонхонаи оилавӣ, 3 дукони гӯшт, 3 сартарошхона, 7 дукони оҳангарӣ ва 30 коргоҳи дуредгарӣ фаъоланд. Намоишгоҳи суратнигораҳои манзаравӣ ва портретҳои мусаввири номии деҳа, узви Академияи рассомони Ӯзбекистон Муҳаммадии Устониёз дар хонаи падариаш гузошта шуда, муҷиби тамошои сайёҳони ватаниву хориҷӣ аст.     
Бояд таъкид кард, ки дар масири байни Шаҳрисабзу Ғелон обанбори “Ҳисорак” ҷой дорад. 
Иқлими ин мавзеъ дилпазир, аммо назар ба таҳдашт мураккабтар аст. Ҳатто дар интиҳои тобистон ҳам, дар шонаҳои баланди кӯҳсоронаш барф сафедӣ медиҳад ва ҳаво аз муқаррарӣ салқин мешавад. 
Раиси ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи “Ғелон” Сафармурод Ҷабборов гуфт, ки ҳукумат ҳамасола барои зимистонгузаронии аҳолӣ кӯмак мерасонад ва ройгон ангишт медиҳад. Вай дар робита ба тайёрӣ ба зимистонгузаронии аҳолии деҳа гуфт:
– Дар сармои шадиди соли гузашта мардуми Ғелон низ азият кашиданд. Аз 750 тонна ангиште, ки ҳукумат ба тариқи кӯмак дода буд, фақат 314 тоннааш кашондаву ба мардум тақсим карда шуд. Зеро зуд барф борида, роҳҳоро баст. Имсол ҳукумат тасмим гирифтааст, ки ба ҳар як хоҷагӣ 1000 килоӣ ангишт диҳад. 
Назар ба гуфти раиси маҳалла, аллакай қисмати бештари ин ангишт ба деҳа оварда, ба ниёзмандон тақсим гардидааст. 
Маълум гардид, ки дар ин ҷо айни ҳол 5500 нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад, ки 1276 хоҷагиро ташкил мекунанд. Шумори занону духтарон 2670 нафар аст. Раиси бонувони маҳалла Замира Қурбоналиева гуфт, ки барои ҳаллу фасли мушкилоти рӯзгори занон пайваста кор бурда мешавад. Ҳарчанд тарҳҳои алоҳидае пешниҳод гардидаанд, аммо барои татбиқ намудани онҳо сармоядорон нестанд. Ба гуфтаи Қурбоналиева – агар дар Ғелон сехҳои дӯзандагӣ, тайёркунии афшурдаи мева ё картошкаварақ сохта ба истифода супурда шаванд, ба ҳалли мушкилоти бекории занон мусоидат хоҳанд кард. 
Барои ҳалли мушкилоти вобаста ба тандурустӣ як бунгоҳи тиббӣ амал мекунад, ки таваллудгоҳ низ дорад. Бахши ёрии таъҷилӣ 24 соат дар хидмати мардуми корафтода буда, дар зарурат маризонро ба бемористонҳои маркази ноҳия мерасонад. Ғелон соҳиби ду мактаби миёна мебошад, ки  дар маҷмӯъ 859 хонанда доранд. Таҳсил дар ин мактабҳо ба забони тоҷикист. Дар муассисаи томактабии рақами 22, ки соҳиби як бинои замонавӣ мебошад, таълиму тарбия ба забони давлатист. Бояд гуфт, ки ин ба талаботи мактабҳои таълимашон тоҷикӣ мувофиқат намекунад. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори “Овози тоҷик” 
дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: