Вазифаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи «Макони сабз» ва ободонӣ муайян гардиданд

  • Вазифаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи «Макони сабз» ва ободонӣ муайян гардиданд
  • Вазифаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи «Макони сабз» ва ободонӣ муайян гардиданд
  • Вазифаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи «Макони сабз» ва ободонӣ муайян гардиданд
  • Вазифаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи «Макони сабз» ва ободонӣ муайян гардиданд
  • Вазифаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи «Макони сабз» ва ободонӣ муайян гардиданд
  • Вазифаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи «Макони сабз» ва ободонӣ муайян гардиданд
  • Вазифаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи «Макони сабз» ва ободонӣ муайян гардиданд

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 29 март оид ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаи «Макони сабз» ва такмил додани идоракунии партовҳо ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Дар чаҳорчӯби лоиҳа баҳори соли ҷорӣ шинондани 125 миллион ниҳол ба назар гирифта шудааст. Дар минтақаҳо корҳо оид ба бунёди боғҳо, шинондани дарахтон дар шафати роҳҳо дар 10 қатор оғоз гардиданд. Рафти кор дар Қароқалпоқистон, вилоятҳои Қашқадарё ва Намангон намунавӣ ба роҳ монда шудааст.

Аммо дар аксари вилоят ва ноҳияҳо то ҳол қитъаҳои замин таҳти ниҳолшинонӣ муайян нашудаанд, барои обёрӣ ва ниҳолҳо маблағ ҷудо нашудааст.

Ба ин муносибат дирӯз масъалаи мазкур дар Девони Вазирон аз нуқтаи назари танқидӣ баррасӣ гардида, дар натиҷа нисбат ба 28 нафар шахсони мансабдор – ҳокимони вилоят ва ноҳияҳо, муовинони онҳо ва роҳбарони ташкилотҳои низом ҷазои интизомӣ татбиқ гардиданд.

На дар ҳамаи вазорату идораҳо ба кабудизоркунӣ бо масъулият муносибат мекунанд. Масалан, Вазорати мудофиа дар 100 гектар, Вазорати технологияҳои рақамӣ ва Вазорати саноати маъдани кӯҳӣ ва геология дар 65 гектар боғ бунёд карданд.

Аммо дар заминҳое, ки ба вазоратҳои энергетика ва нақлиёт ҷудо шудаанд, ниҳолшинонӣ ба охир нарасидааст. Дар қад-қади роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, дар назди дарёву каналҳо, дар назди корхонаҳои саноатӣ ва нуқтаҳои сӯзишворипуркунӣ бисёр заминҳо истифода нашуда мемонанд.

Умуман оид ба оммавӣ шинондани дарахтон ташаббус ва корҳои тавзеҳотӣ суст аст. Таъкид гардид, ки агар ташкилотҳои давлатӣ, шӯроҳои маҳаллӣ, ҳизбҳои экологӣ ва дигар иттиҳодияҳо, инчунин маҳаллаҳо дар раванд фаъолона иштирок кунанд, боғҳои зиёд бунёд кардан мумкин аст.

Дар ҷамъомад вазифаҳои зерин ва ташаббусҳои нав дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Макони сабз» баррасӣ шуданд.

Бисёре аз ҳамватанон мехоҳанд, ки дарахт шинонанд ва минтақаи сабз бунёд кунанд, аммо сокинони биноҳои бисёрошёна барои ин замини кофӣ надоранд. Дар ин ҷанба дар вилояти Тошканд дар асоси таҷрибаи Кӯриёи Ҷанубӣ ташаббусе роҳандозӣ шудааст, ки мувофиқи он замин аз фонди ноҳияҳо ба муддати 30 сол ба ихтиёри раёсатҳои ободонӣ дода мешавад. Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ низоми обёрии қатравӣ ҷорӣ шуда, замин барои кишт омода гардида, пас аз он тамоми сокинони хоҳишманд барои ниҳолшинонӣ даъват карда мешаванд. Ба ҳар як дарахт номи шахсе, ки онро шинондааст, сабт карда мешавад. Барои нигоҳубини дарахтон кормандони раёсати ободонӣ вобаста карда мешаванд.

Сарвари давлат дастур дод, ки ин таҷриба дар тамоми соҳаҳо татбиқ карда шавад.

Дар мамлакати мо 9 452 маҳалла, дар шаҳрҳо 39 ҳазор манзилҳои бисёрошёна ҳастанд. Таъкид гардид, ки фаъолони маҳалла ва идоракунандагони ширкатҳои хидматгузорӣ бояд дар ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок кунанд.

Низоме ҷорӣ карда шудааст, ки дар он заминҳои қад-қади роҳҳо ва каналҳо ба шахсони манфиатдор дар асоси шартномаи бевосита ба даҳ сол бо ӯҳдадории ба панҷ қатор шинондани ниҳолҳо дода мешаванд. Ин имконият медиҳад, ки дар мавсими имсола бисёр дарахтзори нав барпо карда шаванд.

Дар Тошканд барои зиёд кардани минтақаҳои сабзу хуррам таҷрибаи зерин истифода бурда мешавад: шӯрои шаҳрсозӣ вазифадор мешавад, ки дар лоиҳаҳои нави сохтмонӣ камаш 30 фоизи ҳудудҳо барои шинондани дарахт ҷудо карда шавад, ҳатто зикр карда мешавад, ки маҳз кадом намуди ниҳолҳоро бояд истифода бурд. Объект танҳо баъди иҷрои ин шарт ба истифода дода мешавад.

Ба Вазорати сохтмон супориш дода шуд, ки ин таҷрибаро дар тамоми минтақаҳо паҳн намуда, ӯҳдадорӣ оид ба шинондани дарахт мувофиқи андозаҳои шаҳрсозӣ ва талаботи иҷозатномадиҳӣ густариш дода шавад.

Аз ҷумла, муайян карда шуд, ки имсол дар доираи сохтмони 2,5 ҳазор бинои бисёрошёна дар 30 фоизи ҳудуди он ва дар ҳар кадоми 38 мавзеи «Ӯзбекистони Нав» камаш як гектар хиёбони сабз ташкил карда шавад.

Дар назди Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим вазифа гузошта шуд, ки дар маҳалҳо 444 боғи сабз ва 160 боғҳои ҷамъиятӣ ташкил намуда, инчунин лоиҳаи «Боғи ман»-ро ба роҳ монад.

Шахсони масъул дар бораи нақшаҳои бунёди майдонҳои сабз дар канори киштзорҳо, атрофи корхонаҳои бузург ва минтақаҳои саноатӣ маълумот доданд.

Таҷрибаи бепул ба муассисаҳои иҷтимоӣ расонда додани ниҳолҳоро давом дода, соли ҷорӣ ба онҳо зиёда аз 4 миллион бех ниҳол дода мешавад.

Дар ҷамъомад ҳамчунин масъалаҳои ташкили низоми идоракунии партовҳо дар асоси равишҳои нав баррасӣ шуданд.

Тавре зикр гардид, акнун дар минтақаҳо низоми комилан нави ободонӣ ва таъмини тозагӣ ҷорӣ карда мешавад. Аз 1-уми май дар ду ноҳияи ҳар як вилоят дар асоси озмоиш вазифаи идоракунӣ оид ба ободонӣ ба шарикони хусусие, ки ба идоракунии партовҳо ихтисос доранд, дода хоҳанд шуд.

Дар чаҳорчӯби ин ташаббус соҳибкорон бо шинондани дарахту гулҳо, нигоҳубинии онҳо, тоза кардани каналҳо, равшан намудани кӯча ва баровардани партовҳо ҷалб карда мешаванд. Маблағҳое, ки ҳар сол аз буҷа ба раёсатҳои оодонӣ ҷудо карда мешаванд, акнун ба ин корхонаҳо равона карда хоҳанд шуд.

Агар таҷриба самарабахшии худро нишон диҳад, аз соли 2025 он дар тамоми ноҳияву шаҳрҳо паҳн карда хоҳад шуд.

Барои Тошканд низоми алоҳида ҷорӣ карда мешавад. Аз 15 апрел вазифаҳои раёсатҳои ободонии ноҳияҳои пойтахт оид ба тоза кардани кӯчаҳо, кабудизоркунӣ ва хидматрасонии роҳҳо ба савдоҳои музояда гузашта, ба шарикони хусусӣ дода хоҳанд шуд.

Инчунин низоми нав оид ба танзими майдонҳои партовҳо ва коркарди дубора ҷорӣ карда мешавад. Дар ҳар як вилоят 3-4 партовгоҳҳои қулай ҷойгир шуда, ба минтақаҳои махсуси экологиву саноатӣ барои татбиқи лоиҳаҳои азнавкоркард табдил дода, боқимондаи онҳо ҳамчун майдонҳои муваққатӣ барои ҷамъоварӣ ва кашондани партовҳо истифода мешаванд.

Партовгоҳҳое, ки захираҳои худро адо кардаанд, баста мешаванд. Дар гирду атрофи онҳо сафедор, тут, хордор, чинор, заранг шинонда, камарҳои сабз ба вуҷуд оварда мешавад.

Барои беҳтар гардондани хидматрасонӣ оид ба баровардани партовҳо инчунин интизоми пардохт лозим аст. Ба ин муносибат тартиби нав ҷорӣ карда мешавад, ки мувофиқи он ба «ҳафтгонаи маҳалла» ҳуқуқ дода мешавад, ки қарзҳои барои хидматрасонӣ мавҷуднабуда, дар ҳудуди онҳо амалан анҷом доданашударо ба ҳисоб нагиранд. Ин ба пешгирии амалияи ноодилонаи баҳисобгирии қарзи дебиторӣ барои хидматҳои пешниҳодшуда мусоидат мекунад.

Низоме ҷорӣ карда мешавад, ки сокинони биноҳои истиқоматиро ба навъбандии партовҳо пеш аз истифодаи он ҳавасманд мекунад. Дар доираи ин низом халтаҳои махсуси партовҳо аз ҳисоби Фонди экология ройгон дода шуда, сокинон партовҳоро ба категорияҳо ҷудо карда, ба нуқтаҳои ҷамъоварӣ интиқол медиҳанд. Соҳибкорон аз аҳолӣ партовҳои коркардшавандаро мехаранд.

Ин низом дар марҳалаи аввал дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон, Бухоро, Тирмиз, Ангрен ва вилояти Тошканд роҳандозӣ мешавад.

Дар ҷамъомад маърӯзаи шахсони масъул оид ба масъалаҳои баррасигардида шунида шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: