ӮЗБЕКИСТОН—РУСИЯ: МОИЛӢ БА МИНБАЪД МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ МУНОСИБАТИ ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ВА ИТТИФОҚӢ СОБИТ ГАРДИД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 19 ноябр ба Русия ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 19 ноябр ба Русия ташриф овард.
Гуфтугӯҳо дар дараҷаи олӣ дар Кремл гузашт.
Владимир Путин пешвои мамлакатамонро гарму  ҷӯшон хайрамақдам гуфта, ӯро бори дигар бо ғалабаи боварибахшаш дар интихоботи президентӣ табрик намуд ва дар фаъолияти ояндааш муваффақият орзу кард.
– Ӯзбекистон натанҳо ҳамсояи наздики мо, балки иттифоқчии мо низ мебошад –  мо Ӯзбекистонро маҳз ҳамин тавр қабул мекунем, – таъкид кард Президенти Русия. – Ин мамлакати бузурги минтақа аст, ки бо он моро риштаҳои зиёд – чӣ таърихӣ ва чӣ имрӯз мепайвандад.
Имрӯз 18 фоизи тамоми табодули моли Ӯзбекистон ба Русия рост меояд. Табодули амвол меафзояд: сарфи назар аз пандемия соли гузашта он ба беш аз 15 фоиз афзуд. Ин хеле нишондоди хуб мебошад, ки ҳатто дар мураккабтарин вақтҳо мо ҳамкорӣ менамоем ва ин корро муваффақона анҷом медиҳем.
Ва кори ҷории имрӯз чӣ дар дараҷаи минтақа ва чӣ байни давлатҳо аз рӯи тамоми самтҳо идома дорад. Ин ҳам ба иқтисодиёт ва ҳам ба робитаҳои гуманитарӣ ва инфрасохтори нақлиёт тааллуқ дорад. Дар ин маврид мо молики майдони калони кори муштарак ҳастем ва бешубҳа, мо гапи зиёд барои гуфтугӯ низ дорем.
Роҳбари давлатамон ба Президенти Русия барои даъват ва пазироии гарм миннатдорӣ изҳор намуд.
– Махсус таъкид кардан мехоҳам, ки дар солҳои охир дар муносибатамон гардиши куллӣ ба вуҷуд омад, – чунин нишондодҳо ҳеҷ гоҳ дар байни мо набуд. Ва тавре ки шумо гуфтед, табодули амвол меафзояд: дар ҷамъбасти нӯҳ моҳ он аллакай 5 миллиардро ташкил намуд ва дар интиҳои сол 7 миллиардро ташкил хоҳад кард. Дар муносибатамон чунин рақамҳо ҳанӯз вуҷуд надоштанд.
Комиссияи байниҳукуматӣ бо сарпарастии сарвазирон хеле ҷиддӣ кор мекунад – Шумо онро дастгирӣ намудед, ин хеле сермаҳсул хоҳад гардид. То ташриф кори ҷиддӣ анҷом дода шуд. Се форуми калон: минтақавӣ, таълимӣ, медиафорум баргузор гардиданд.
Агар дар бораи натиҷаҳо сухан ба миён орем, ҳоло мо ба миқдори 14 миллиард доллар таҳияи лоиҳаҳоро зери даст дорем. Ин натиҷаи форуми байниминтақавӣ – вақте ки мо бо Шумо се сол пеш онро шурӯъ намудем, аз ин чизҳо дарак набуд. Натиҷа хеле ҷиддӣ аст: минтақаҳо бо ҳам вомехӯранд, ин хеле таҳрики зиёд мебахшад.
Имрӯз, фикр мекунам, ки мо имконоти хуберо барои муҳокимаи масъалаҳои байниминтақавӣ, дуҷониба, бехатарӣ, масъалаи Афғонистон молик ҳастем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Умуман президентҳо бо қаноатмандии том аз дараҷаи баланди муносибати дуҷонибаи байни давлатҳо, ки ба шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ асос меёбанд, сухан ба миён оварданд.
Дар гуфтугӯҳо махсусан ба минбаъд вусъат бахшидани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ эътибор нигаронда шуд.
Дар солҳои охир дар ин ҷанбаҳо пешрафти воқеӣ ба даст омад. Ҷамъомадҳои Комиссияи муштарак дар дараҷаи сарвазирҳо ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ мунтазам баргузор мегарданд. Ҳамкории байни минтақаҳо хеле хуб роҳандозӣ гаштааст. Танҳо дар соли ҷорӣ беш аз 50 ташриф дар дараҷаи баланд байни ҳамдигар ба вуқӯъ пайваст.
Соли 2020 ҳаҷми табодули амвол беш аз 5,6 миллиард долларро ташкил намуд, дар 10 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ ин нишондод ба 6 миллиард доллар расид ва тавре ки интизорӣ меравад, то охири сол ба 7 миллиард доллар хеле наздик мегардад.
Дар чор соли охир теъдоди корхонаҳо бо иштироки сармояи Русия дар Ӯзбекистон ду маротиба афзуд ва тақрибан 3 ҳазорро ташкил менамояд.
Имрӯз ҳаҷми сармояҳои ғунгардидаи Русия ба иқтисодиёти Ӯзбекистон аз 10 миллиард доллар зиёд гардида, ин рақам тадриҷан меафзояд. Омодагии муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои истиқболнок ба миқдори 14 миллиард доллар идома дорад.
Президентҳо аҳамияти вусъат бахшидани ҳамкории сармоягузориро амалан бо фарогирии тамоми соҳаҳои иқтисодиёт таъкид намуданд.
Дар ин бобат Форуми ҳамкории II байниминтақавӣ, ки дар арафаи ташрифи Президенти Ӯзбекистон ба амал омад, нақши муҳим дорад. Қарордодҳо ва муоҳидаҳои нав дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва дорусозӣ, саноати бофандагӣ ва озуқаворӣ натиҷаи амалии он гардиданд.
Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки дар соҳаҳои иқтисодиёт ҳанӯз захираи зиёд барои вусъат бахшидани ҳамкорӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин истиқболи рушди ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои бартаринок муҳокима гардиданд.
Пешвоён ба масъалаҳои вусъат додани ҳамкории маданиву гуманитарӣ низ эътибор нигаронданд.
Таъкид шуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Бухоро анҷумани ректорҳо, 16-17 ноябр дар Маскав Форуми дуюми таълимӣ баргузор гардид, ки дар поёни он беш аз 35 шартнома аз рӯи самтҳои нави шарикӣ ба имзо расиданд.
Имрӯз Ӯзбекистон аз нигоҳи теъдоди филиалҳои муассисаҳои олии таълимии Русия дар хориҷ аз мамлакат пешқадам аст. Теъдоди онҳо ба 15-то расид, 12-тои онҳо дар чор соли охир кушода шуданд. Ҳамкории зич дар соҳаи тандурустӣ низ ба роҳ андохта шудааст. Бо дастгирии шарикони Русия дар Ӯзбекистон истеҳсоли ваксинаи «Спутник V» ташкил гардида, кор дар бобати кушодани филиали Донишгоҳи миллии тиббии тадқиқотии Русия ба номи Пирогов дар Тошканд ба анҷом расид.
Президентҳо инчунин дар заминаи масъалаҳои минтақавӣ ва масоили байналхалқӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо қарор доранд, табодули афкор намуданд.
Аҳамияти идома додани машварати дуҷониба байни идораҳои сиёсати хориҷӣ ва мудофиаи мамлакатҳоямон таъкид гардид. Табодули афкор дар бобати масъалаҳои бехатарии минтақа ва вазъият дар Афғонистон ба вуқӯъ пайваст.
Ҷониби Русия иқдоми муҳими Ӯзбекистонро барои ҳамдастӣ дар ҷараёни сулҳомез дар Афғонистон истиқбол намуд.
Пешвоён омодагиро барои ҳамкории оянда дар доираи СММ, ИДМ, СҲШ ва дигар ниҳодҳои байналхалқӣ собит намуданд.
Дар поёни суҳбат, ки дар фазои самимӣ ва дӯстона ба амал омад, ҷонибҳо бори дигар моилиро ба минбаъд мустаҳкам намудани муносибати шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни Ӯзбекистон ва Русия собит намуданд.
Дар поёни гуфтугӯҳо президентҳо Изҳороти муштаракро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини бехатарии иттилооти байналхалқӣ қабул намуданд. Умуман дар доираи ташриф 18 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расид.
Бо ҳамин ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия анҷом ёфт.
ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: