«ГАНҶИ СУХАН»-И ДОКТОР АБДУЛМАННОН БО ЭҲТИМОМИ САИДИМРОН

Дар шумораи рӯзномаамон аз 16 декабри соли 2023, рақами 99 таҳти рукни «Дар арзҳои дӯстӣ» гузориши мухбири «Овози тоҷик» А. Субҳонов бо унвони «Маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» дар «Нурафшон» ба табъ расида буд.

Ҳоло тасмим гирифтем оиди фаъолияти «Ганҷи сухан» ва нақши он дар равнақи ҳавзаи адабии вилояти Суғд, ҳамчунин рӯзгору осори роҳбари кунунии маҳфил Саидимрон Саидов батафсилтар нақл намоем.
Вақте «Ганҷи сухан» ба забон омад, симои  ба дил ва дида қарини яке аз донишмандони маъруфи илми адабиётшиносии тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдулманнони Насриддин падидор мегардад. Маҳфил маҳз бо саъйи мутафаккир А. Насриддинов, ки тафаккури баланди инсонӣ низ дошт, ташкил гардида буд. 15 апрели соли 2004 аввалин нишасти он бо иштироки наздик чиҳил нафар устодону шогирдони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд рӯйи кор омад. Рӯзи илм мешуморанд ин санаро дар диёри тоҷик. Ва рӯзи мавлуди бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ будани ин сана низ ба касе сир нест. Гулҳои сари сабади нишасти онрӯза доктори илмҳои филологӣ Атахон Сайфуллоев, устодони донишгоҳ Фарҳодҷон Зикриёев ва Абдуқодир Зоҳидов (равонаш шод бод), шоирон Фарзонаву Нурмуҳаммад Ниёзӣ, олимон Носир Салимиву Матлубаи Мирзоюнус, нависандагон Муҳиддин Хоҷазоду Маҳкам Пӯлод ва дигарон дар баромадҳои худ муҳимтарин мавзӯоти адабиёт ва ҷараёнҳои адабиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Роҳбари «Ганҷи сухан» Абдулманнони Насриддин изҳори умед намуд рӯҳи Айнии бузургвор мадад сохта, нишастҳои минбаъда боз ҳам ҷолибтар гузаранд ва торафт ҷоннокгардии фаъолияти маҳфил ба равнақи пажӯҳишҳои адабиву таърихӣ ва илмиву фарҳангӣ дар Ҳуҷанд мусоидат созад.
Инак, наздик 20 сол мегузарад аз миён ва берун аз Хуҷанд низ чароғи ин маҳфил ба дилу дидаи дӯстдорони адабиёт ва алоқамандони илму адаб равшанӣ мебахшад. Қисме аз олимони ҷавон, ки иштирокдори аввалин нишаст буданд, ба пояи устодӣ расиданд.  Чанд нафар устодон (аз ҷумла, асосгузори маҳфил А. Насриддинов) зиндагиро падруд гуфтанд. 
Устод Абдулманнони Насриддин то нишасти 86-ум ба маҳфил сарпарастӣ карда бошад, яке аз шогирдони сазовори ӯ Саидимрон Саидов масъулияти роҳбариро ба зимма гирифт. Тавре яке аз фаъолони маҳфили адабиву илмии «Ганҷи сухан», номзади илмҳои филологӣ Субҳон Аъзамзод қайд кардааст, дар вусъати ҳамоиши ин гурӯҳ саҳми умумии аҳли сухан, шоирон, нависандагон, олимон, рӯзноманигорон, иттиҳодияҳо, ҳайати эҷодии нашрияҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, маҷаллаи «Паёми Суғд», устодони ДДХ , Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат ва амсоли онҳо бо дарки масъулияти эҷодиву суханварӣ қобили таваҷҷуҳ мебошад. 
Яке аз ҳадафҳои асосии «Ганҷи сухан» – тарбияи истеъдодҳои ҷавон. Ҷавонолимон аз асрори ҷараёнҳои илмиву адабӣ огоҳ шаванд, ҷавоншоирон сабкҳои тоза дар шеъру шоириро меомӯзанд. Метавон гуфт маҳфили зикршуда дар парвариши завқи эҷодкорони ҷавон таҷрибаҳои мактаби адабии Ҷомию Навоӣ дар Ҳиротро то андозае мавриди истифода қарор медиҳад, беҳтарин анъанаҳои маҳфили Шарифҷон-махдуми Садри Зиё дар Бухороро идома мебахшад. 
Шоиру нависандагони маъруфи тоҷик ва донишмандони давр, ки дар Душанбеву дигар гӯшаҳои Тоҷикистон фаъолият доранд, меҳмони «Ганҷи сухан» шуда, бо баромаду маърӯзаҳои ҷолиб ба нишастҳо гармиву ҳарорат мебахшанд. Бо иштироки адабиётшиносҳо Абдунабӣ Сатторзода ва Абдухолиқ Набавӣ, шоирон Аскар Ҳакиму Камол Насрулло силсилаи шабҳои эҷодӣ ва рӯнамоии китобҳои нав фаромӯшнопазир сурат гирифт. Дар асоси маводҳои маҳфил ҳафт китоби калонҳаҷм бо унвони «Армуғони «Ганҷи сухан» ҷомаи табъ ба бар намуд. Хусусан, ҷилди ҳафтум, ки 560 саҳифаро фаро гирифта, таҳти дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз тариқи нашриёти «Ношир» дастраси умум шудааст, диққати ҳар ҳаводори илму адабро ба худ мекашад. Бахши аввал баёзи муҳаққиқон бошад, бахши дувум «Дафтари ашъор» унвон дошта, дар он аз эҷоди шоирони вилояти Суғд намунаҳо ҷой дода шудаанд. Баробари  мутолиаи падидаҳои қаламии Фарзона, Озарахш ва Аҳмадҷони Раҳматзод барин шоирони мардумӣ хонанда метавонад ба номҳои нав, ки умед аст истиқболи адабиёти тоҷик бошанд, шинос шавад.
«Ганҷи сухан» ба чанд бахш тақсим шуда ва ҳар бахш ба худ хос унвон дорад: «Минбари андеша», «Навгониҳои илмиву адабӣ», «Минбари муҳокимаи мавзӯъ», «Бахши фарҳангӣ». 
Озмун ва сабқатҳои шеърӣ ба ин ё он муносибат ба қувваҳои эҷодӣ такон мебахшанд. Чанде пеш «Ганҷи сухан» таҳти ҳамкорӣ бо раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон байни адибони тоҷик озмуни «Беҳтарин шеър»-ро эълон намуд. Дар нишасти 199-ум озмун ҷамъбаст ва ғолибон тақдиронида шуданд. 
Акнун чанд сухан дар бораи Саидимрон Саидов, ки идомаи бомуваффақияти фаъолияти маҳфил бо саъю ҳаракатҳои ӯ иртиботи қавӣ дорад: зодаи ҷамоати деҳоти Ёваи вилояти Суғд, хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Институти педагогии ба номи Кирови  Хуҷанд. Муаллими кафедраи адабиёти классикӣ дар ДДХ, номзади илмҳои филологӣ. Муаллиф ва мураттиби бештар аз 25 асари илмиву адабӣ ва методӣ ва 400 мақолаи илмиву публитсистӣ доир ба масоили таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, нақди адабӣ, таърих, сиёсат, матншиносӣ, луғатнигорӣ ва журналистика. Дорандаи Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Ҷоизаи адабии шаҳри Табрез «Камол ва Шаҳриёр», Ҷоизаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба номи профессор Абдулманнон Насриддинов. «Олими сол»-и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров. 
Саидимрон, ки ба наздикӣ 50-ро пур кард, дар авҷи камолоти эҷодист. 
Ба ӯ саломативу ба фаъолияти маҳфили «Ганҷи сухан», ки роҳбариашро ба ӯҳда дорад, ривоҷ ва муваффақиятҳои нав орзу менамоем. 

М. ШОДИЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: