Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 декабр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷээнбек Кулубаевро, ки дар кишвари мо сафар анҷом медиҳад, қабул кард.
Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, бо мазмуни мушаххас ғанӣ гардондани онҳо баррасӣ шуданд.
Дар оғози мулоқот вазири корҳои хориҷӣ Ҷээнбек Кулубаев ба сарвари давлатамон саломи самимӣ ва орзуҳои неки Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаровро расонд.
Роҳбари Ӯзбекистон бо қаноатмандӣ сатҳи баланд ва хусусияти судманди ҳамкориҳои дуҷонибаро, ки тайи солҳои охир ба даст оварда шудааст, аз ҷумла, ба таври қобили мулоҳиза фаъол шудани робитаҳо ва мубодила дар сатҳи парлумонҳо, ҳукуматҳо, минтақаҳо, ҷомеа ва доираҳои соҳибкориро қайд кард.
Комиссияи байниҳукуматӣ самарабахш амал мекунад, Хазинаи рушди Ӯзбекистону Қирғизистон пурра фаъолият нишон медиҳад. Ҳаҷми муомилоти мол ва ҳамлу нақли бор меафзояд, лоиҳаҳои кооператсия дар мошинсозӣ, электротехника, бофандагӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо татбиқ мегарданд. Чорабиниҳои муштараки фарҳангию башардӯстона пайваста баргузор мешаванд.
Аҳамияти идомаи муколамаи пуршиддати сиёсӣ ва суръат бахшидан ба татбиқи барномаву лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон махсусан таъкид шуд.