Президенти Ӯзбекистон самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Баҳрайнро қайд кард

  • Президенти Ӯзбекистон самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Баҳрайнро қайд кард
  • Президенти Ӯзбекистон самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Баҳрайнро қайд кард
  • Президенти Ӯзбекистон самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Баҳрайнро қайд кард
  • Президенти Ӯзбекистон самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Баҳрайнро қайд кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати вакилони Подшоҳии Баҳрайнро бо сардории вазири корҳои хориҷӣ Абдулатиф бин Рашид ал-Заянӣ қабул кард.

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 апрел ҳайати вакилони Подшоҳии Баҳрайнро бо сардории вазири корҳои хориҷӣ Абдулатиф бин Рашид ал-Заянӣ, ки дар чорабиниҳои ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Осиёи Миёна ва давлатҳои араби Халиҷи Форс, ки дар ин рӯзҳо дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, иштирок мекунад, ба ҳузур пазируфт.  

Вазири корҳои хориҷии Баҳрайн ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва орзуҳои неки шоҳ Ҳамад ибни Исо Ал-Халифаро расонд.

Масъалаҳои рушди минбаъда ва амиқсозии ҳамкории бисёрҷанбаи Ўзбекистон ва Баҳрайн мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аҳамияти пурзӯр намудани муколамаи сиёсӣ ва зудтар ба кор андохтани механизми машваратҳои сиёсӣ қайд гардид.

Иқтидори бузург ва имконоти васеи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, пешбурди барномаву лоиҳаҳо дар бахши бонкиву молия, сохтмони роҳи оҳану автомобилгард, таҷдиди инфрасохтори энергетикӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок зикр гардид.

Бо ин ҳадафҳо дар соли ҷорӣ баргузории нахустин ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ ва ифтитоҳи Шӯрои соҳибкорон бо иштироки намояндагони ширкатҳои бонуфузи Ӯзбекистон ва Баҳрайн дар назар аст.

Ҳамчунин доир ба рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла масъалаҳои муқовимат ба таҳдидҳои муосири амниятӣ табодули афкор сурат гирифт.

Роҳбари Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Баҳрайнро бо солгарди ҷашнаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва комёбиҳои зиёд таманно намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: