Ӯзбекистон ва Миср ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро мустаҳкам мекунанд

  • Ӯзбекистон ва Миср ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро мустаҳкам мекунанд

Дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Мисри Араб маросими имзои ҳуҷҷатҳо оид ба ҷамъбасти музокироти Ӯзбекистону Миср дар сатҳи олӣ баргузор гардид.

Сарони давлатҳо Изҳороти муштаракеро қабул карданд, ки ба васеъ гардондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва таълим нигаронда шудааст.

Дар ҳузури президентҳо инчунин як қатор ҳуҷҷатҳои дуҷониба низ ба имзо расиданд, ки рушди ҳамкориҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, инчунин вазоратҳои сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон ва сарраёсати оид ба сармояҳои Миср, ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи рустаниҳо, ташкили нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, ҷалби сармояҳо ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи сармоягузорӣ, танзими техникӣ ва мубодилаи таҷриба оид ба масъалаҳои рушдро пешбинӣ менамоянд.

Инчунин байни Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон ва Донишкадаи шарқшиносии ба номи Абӯрайҳон Берунии Ӯзбекистон бо Китобхонаи миллӣ ва бойгонии Миср низ ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: