Шамшербозони Ӯзбекистон дар марҳилаи Ҷоми ҷаҳонии ҷавонон соҳиби медали тилло шуданд

Дар Тошканд марҳилаи навбатии Ҷоми ҷаҳон оид ба шамшербозӣ байни ҷавонон ба анҷом расид. Бояд гуфт, ки шамшербозони мо ин дафъа ба як қатор ғалабаҳои дурахшон ноил гардиданд.

Дар барномаи даставӣ, ки 19 ноябр барпо гардид, духтарони мо бомуваффақият баромад карда, бар ҳамаи харифони худ пирӯз шуданд. Дар марҳилаи ниманиҳоӣ бар тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 45:26 ва дар финал шамшербозони мо бар дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 45:37 пирӯз шуданд.

Дар ҳайати даста аз Ӯзбекистон Фернанда Эррера, Гулистон Пердибоева, Наргиза Жаксибоева ва Самира Шокирова ҳунарнамоӣ карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар барномаи инфиродӣ намояндаи Ӯзбекистон Фернанда Эррера соҳиби ҷоизаи тилло шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: