ПИРӮЗИҲОИ ШОҲРУХ – ИФТИХОРИ МО

Муҳсин Ҳисомиддинов, Баҳодур Ҷалолов, ... метавон ин рӯйихатро идома бахшид, ки ҳамагон зодаи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё буда, чун чемпионҳои ҷаҳон сар то сари кишвар машҳур мебошанд.

Дар қатори ин чемпионҳо бевосита номи Шоҳрух Давлатовро ҳам илова кардан ҷоиз аст, зеро бо вуҷуди ҷавон буданаш, то имрӯз ба дастовардҳои беҳтарин мушарраф гардидааст. 

Шоҳрух Давлатов соли 1996 дар маҳаллаи Дидори ноҳияи Сариосиё таваллуд ёфтааст. То синфи 9-ум дар мактаби рақами 73-юми ноҳия таҳсил мегирад. Соли 2012 падараш Саъдулло Давлатов ӯро ба коллеҷи захираҳои олимпии шаҳри Тирмиз мебарад ва ӯ хатмкунандаи ин коллеҷ аст. 
Қаҳрамони мо дилбастагӣ ба варзишро аз вақти таҳсил дар коллеҷ оғоз намудааст. Вай аз рӯйи намуди варзиши сабук – давидан нахуст дар чемпионати вилоят ва сонитар дар миқёси ҷумҳурӣ ба унвони чемпиони Ӯзбекистон сазовор гардидааст. 
Соли 2015 Ш. Давлатов ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тошканд бо имтиёз дохил мешавад. Баробари дар шуъбаи корҳои дохилӣ адои вазифа намудан, машқу варзишро асоси фаъолияти худ ҳисобида, дар ин самт бештар ҳаракат ва машқу тамринро идома мебахшад.
Муваффақиятҳои чемпиони сариосиёгӣ хеле зиёд аст. Чунончӣ, вай моҳи апрели соли 2023 дар марафоне, ки дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон баргузор гардид, масофаи 42 километру 195 метрро дар зарфи 2 соату 17 дақиқа тай намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид. Моҳи майи худи ҳамон сол Шоҳрух дар марафони Қазоқистон иштирок намуда, ба унвони чемпиони Осиё сазовор шуд ва рекорди Ӯзбекистонро нав кард.
Моҳи декабри соли 2023 ба Шоҳрух Давлатов пирӯзиҳои баландтар насиб гардид. Ӯ дар чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Валенсияи Испания доир гашт, масофаи 42 километрро дар зарфи 2 соату 6 дақиқаву 9 сония тай намуд ва ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж роҳхат гирифт.  
Мо аз номи ҳамдеҳагон Шоҳрух Давлатовро бо чунин натиҷаҳои оламшумул муборакбод намуда, даст ба дуо мекушоем, ки ин ҷавони варзишдӯст пирӯзии навбатиро ба даст овараду парчами Ӯзбекистонро боз ҳам баландтар бардорад.
Роҳи сафед ва омад туро ёр, Шоҳрухи далеру шуҷоъ!

Мелиқул КАРИМОВ, 
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: