Чандин лоиҳаи биноҳои баландошёна рад шуданд

Дар ҷамъомади навбатии Шӯрои шаҳрсозӣ оид ба пешгирии сохтмони ғайриқонунӣ дар назди ҳокимияти вилояти Самарқанд сохтори биноҳои истиқоматии бисёрқабата дар шаҳраки Кимёгарон, мавзеи Қарасув, кӯчаҳои Берунӣ, Озод Шарқ ва маҳаллаи Наймани ноҳияи Пастдарғам муаррифии эскизҳои лоиҳаи сохтмон баргузор гардид.

Аъзои Шӯро бо роҳбарии ҳокими вилоят Э.Турдимов ҳар як лоиҳаро ба таври алоҳида таҳлил карданд. Дар тақдимот ба мавҷудияти масофаи мувофиқ байни биноҳои лоиҳагардонида то иншоотҳои мавҷуда, истгоҳҳо, ташкили майдончаҳои кӯдакон ва ҷойгиршавии онҳо диққати махсус дода шуд.
Қариб даҳ лоиҳаро аз назар гузарониданд. Аммо қариб ҳамаи онҳо рад карда шуданд ва таъкид гардид, ки сохтмони баъзе биноҳо дар ҷойи худ омӯхта мешаванд.  
Дар ҷараёни мулоқот Э.Турдимов бо сохтмони як бинои истиқоматии 25-ошёна ва боғ дар мавзеи Қарасув шинос шуд. Дар таҳхонаи бино сехи дӯзандагии дар ин ҷо фаъолият оғозкарда ба аксарият шавқу завқ бахшид. Дар сехи мазкур зиёда аз ҳаштод нафар зану духтарон бо кор таъмин гашта, аксарияти онҳо сокинони ин ҳудуд мебошанд. Инчунин, дар ин ҷо фаъолияти навъҳои зиёди варзиш ва маҳфилҳои фаннӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар оянда таклифи дар таҳхонаи дигари биноҳои бисёрошёна ҳам ташкил кардани ин хел нуқтаҳои коркард ва хидматрасонӣ пешниҳод гардид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: