Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкориҳои амалиро бо Қирғизистон таъкид кард

  • Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкориҳои амалиро бо Қирғизистон таъкид кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 май дар доираи барномаи Форуми сармоягузории Тошканд Раиси Девони Вазирон – роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Оқилбек Жапаровро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози суҳбат Оқилбек Жапаров саломи самимии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаровро ба роҳбари Ӯзбекистон расонд.

Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт ва логистика, инчунин фаъол гардонидани робитаҳои байниминтақавӣ ва табодули фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

Ба ҷанбаҳои амалии татбиқи лоиҳаҳои сохтмони НБО-1-и Қамбарата ва роҳи оҳани "Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон" таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин масъалаҳои ташаккули рӯзномаи нави шарикии бисёрҷанба дар самти омодагӣ ба вохӯриҳои дарпешистода баррасӣ шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: