Донишкадаи тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар Ӯзбекистон аввалин таълимгоҳи олиест, ки дар хориҷа соҳиби шуъба мегардад.
Донишкадаи тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар Ӯзбекистон аввалин таълимгоҳи олиест, ки дар хориҷа соҳиби шуъба мегардад. Вай ба меморандуми созмон додани филиали худ дар пойгоҳи Донишгоҳи байналхалқии Ноида, ки аз шаҳри Ню-Делӣ 20 километр дуртар воқеъ гаштааст, имзо гузошт.
Мувофиқи он аз соли хониши 2020-2021 профессорону омӯзгорони донишкада ба шаҳрвандони Ҳиндустон, ки мувофиқи барномаи МББС (бакалаври тиббиёт ва ҷарроҳӣ) ба таълимгоҳ қабул гардидаанд, дар мамлакати худашон асрори касб меомӯзанд. Бинобар аҳду паймон Донишгоҳи байналхалқии Ноида бобати таъмини инфрасохтори зарурии ҷараёни таълим, пойгоҳи моддию техникӣ, лабораторияҳои таълимӣ, инчунин истифодабарӣ аз клиникаҳо кӯмак мерасонад. Донишҷӯён ду соли аввал дар Ҳиндустон, се соли баъдӣ дар Бухоро мехонанд. Ин дар шароити пандемия барои донишомӯзони Ҳинд имконияти хуб аст. Меморандуми сеҷониба, ки онро Донишкадаи тиббии Бухоро, Донишгоҳи байналхалқии Ноида ва ширкати People Hive таҳия кардаанд, бобати афзудани нуфузи таълимгоҳи олии мо дар арсаи байналхалқӣ, туфайли содироти таълим мустаҳкамшавии иқтидори моддии институт ва дар рейтинги байналхалқӣ ба мавқеи муносиб ноил шудан омили муҳим мегардад. Бояд таъкид кард, ки Донишкадаи тиббии Бухоро порсол аз аккредитатсияи Шӯрои тиббӣ гузашта, ҳуқуқи таълим доданро ба шаҳрвандони Ҳиндустон ба даст оварда буд. Соли хониши гузашта қариб 50 нафар шаҳрвандони Ҳиндустон барои дар ин таълимгоҳ хондан ҳуқуқ пайдо карданд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.