Президент бо лоиҳаҳо оид ба рушди нақлиёти ҷамъиятӣ шинос шуд

  • Президент бо лоиҳаҳо оид ба рушди нақлиёти ҷамъиятӣ шинос шуд
  • Президент бо лоиҳаҳо оид ба рушди нақлиёти ҷамъиятӣ шинос шуд
  • Президент бо лоиҳаҳо оид ба рушди нақлиёти ҷамъиятӣ шинос шуд
  • Президент бо лоиҳаҳо оид ба рушди нақлиёти ҷамъиятӣ шинос шуд
  • Президент бо лоиҳаҳо оид ба рушди нақлиёти ҷамъиятӣ шинос шуд
  • Президент бо лоиҳаҳо оид ба рушди нақлиёти ҷамъиятӣ шинос шуд
  • Президент бо лоиҳаҳо оид ба рушди нақлиёти ҷамъиятӣ шинос шуд
  • Президент бо лоиҳаҳо оид ба рушди нақлиёти ҷамъиятӣ шинос шуд

Президент Шавкат Мирзиёев 6 июн бо рафти сохтмони марҳилаи дуюми метрои ҳалқагини рӯизаминии Тошканд шинос шуд.

Дар шароити кунунии барқароршавии пас аз COVID-19 ва вазъи душвори иқтисодӣ танҳо чанд кишвар ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ сармоягузорӣ мекунанд. Дар мамлакати мо кори беҳтар намудани шароити ҳаракати одамон лаҳзае ҳам катъ нашудааст.

Дар соли 2020 марҳилаи аввали сохтмони метрои рӯизаминии ҳзалқагин аз истгоҳи  «Дўстлик-2 то истгоҳи "Кўйлиқ" ба анҷом расонда шуд. Ҳоло марҳилаи дуюм  аз мавзеи Қӯйлиқ то истгоҳи 5-уми шохаи Сергелӣ татбиқ мегардад.

Сарвари давлат корҳои сохтмониро аз назар гузаронд.

– Пештар мо таҷрибаи сохтани метрои рӯизаминиро надоштем. Ҳоло мо таърихи нав меофарем. Аз ин ру, бори дигар устувории иншоотҳоро ҷиддӣ аз назар гузарондан лозим аст. Дуюм, дар истгоҳҳои метро бояд хидматҳои замонавӣ, электронӣ бештар бошанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар ин қитъаи метро 7 истгоҳ барпо карда мешавад, ки дарозии онҳо қариб 12 километр хохад шуд. Фосилаи ҳаракати поездҳо 13 дақиқа хоҳад буд. Поездҳои ин хат дар як шабонарӯз қариб 40 ҳазор мусофир кашонда метавонанд.

Ин имкон медиҳад, ки истифодаи нақлиёти шахсӣ коҳиш ёфта, тирбандӣ дар роҳҳо кам карда шавад. Аз ҷумла, ҳаракати рӯзонаи мошинҳо дар самти Қӯйлиқ-Сергелӣ 32 ҳазор ё худ 12 фоиз кам карда мешавад.

Умуман, баъди ба охир расидани ин марҳила дарозии умумии метрои Тошканд ба 70 километр, шумораи истгоҳҳо ба 50 мерасад. Шумораи мусофироне, ки метро хизмат мерасонанд, дар як шабонарӯз ба 600 ҳазор нафар мерасад. 245 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Дар ин ҷо ҳамчунин муаррифии лоиҳаҳои рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Тошканд, зиёд кардани ҳаракати мусофирон дар метро баргузор гардид.

Ҳамин тариқ, дар маҳаллаҳое, ки бо нақлиёти ҷамъиятӣ ба қадри кофӣ фаро гирифта нашудаанд, кушодани 12 хати нави автобусҳо, ки бо истгоҳҳои метро пайваст мешаванд, пешбинӣ шудааст. Ба ғайр аз ин, хатсайрҳои экспресси автобусҳо бинобар 9 роҳҳои асосӣ аз вилояти Тошканд ба пойтахт ташкил карда мешаванд.

Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд якҷо бо мутахассисони хориҷӣ барои баланд бардоштани сатҳи истифода аз метро тадбирҳо таҳия кардааст. Аз ҷумла, кушодани хатсайрҳои иловагии нақлиёти ҷамъиятӣ ва пайваст кардани онҳо ба истгоҳҳои метрои камодам, то 5 адад зиёд гардондани шумораи вагонҳои метро ва кам кардани фосилаи ҳаракати онҳо дар назар аст.

Дар натиҷа хароҷоти истифодабарии метро, ​​хароҷоти нақлиёти ҷамъиятӣ ва вақти интизорӣ хеле кам мешавад. Шумораи мошинҳо ба шаҳр 97 ҳазор ва ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои асосӣ 10 фоиз кам мешавад.

Президент пешниҳодҳои мазкурро маъқул дониста,  аҳамияти фавроҳам овардани шароитро барои расидани сокинони маҳаллаҳо то метро, ташкил кардани таваққуфгоҳҳои автомобилӣ ва велосипедӣ дар шафати метро қайд намуд. Супориш дода шуд, ки парки автобусҳои электрикӣ васеъ карда, барои хидматрасонии техникии онҳо мутахассисон тайёр карда, сохтмони хати трамвай тезонда шавад.

Сарвари давлат аз кӯчаи Қипчоқ қадам зада, инфрасохтори роҳро аз назар гузаронд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: