ҲАМЕША ДАР ТАКОПӮ ВА ҶУСТУҶӮ

Ҳамидҷон Бурҳоновро ҳанӯз аз даврони шурӯъи кор дар рӯзномаи ноҳиявии “Риштон ҳақиқати” мешиносам.

Баъди хатми донишгоҳ ба ин идора ба кор омадам. Ӯ муҳаррири ин рӯзнома буд. Ба назар менамуд, ки вай шахси хеле сахтгир аст, зеро ҳар як хабару мақола ва матолиби дигарро синчакорона аз назари таҳқиқ мегузаронд ва баъд иҷоза медод, ки онро ба дасти ҳуруфчин супоранд. Аммо вақтҳои фориғ аз кор ба як шахси тамоман самимӣ ва хушфеъл табдил меёфт.
То ба кор қабул шудан Ҳамидҷон Бурҳонов аз ман тақозо намуд, ки барои рӯзнома як-ду мавод навишта оям. Рости гап, он замон забони ӯзбекиро дуруст намедонистам, барои ҳамин таҳти номи “Шайдои чашмаи сафед” лавҳаеро аввал ба забони тоҷикӣ навиштам. Баъд бо кумаки ҳамшираам ин лавҳаро тарҷума кардем. 
Дар лавҳа  фаъолияти яке аз говҷӯшони моҳири шӯъбаи “Коммунизм”-и хоҷагии ҷамоавии Сӯх Гулсунбиапа инъикос меёфт. Вақте ки лавҳаро ба Ҳамидҷон Бурҳонов тақдим кардам, аз хаёлам гузашт, ки ҳамин замон вай онро сип-сиёҳ карда ба дастам медиҳад. Аммо ин гумонам ботил баромад. Баъди таҳрири сабук ин лавҳа дар шумораи навбатии “Риштон ҳақиқати” дарҷ гардид.
Он замон хабар ё мақолае дар рӯзнома чоп шавад, муаллифи он ва аҳли оилааш шодиву хурсандӣ мекарданд. Таъсири нашрияҳо низ хеле пурзӯр буд. Хусусан, агар матлаби дар рӯзнома чопшуда муҳтавои интиқодӣ дошта бошад, ҳатман он дар бюрои райком мавриди муҳокима қарор мегирифт ва “қаҳрамон”-и он сахт танбеҳ мешунид ва ё аз кор мерафт. Баъд бо супориши Ҳ.Бурҳонов аз хоҷагиҳои гуногун ва муассисаҳо хабару мақолаҳо менавиштам ва он яке аз паси дигар интишор меёфт.   
Ҳамин тавр, бо Ҳамидҷон Бурҳонов чанд муддат ҳамроҳ кор кардам. Вай ба ман ҳақи устодӣ дорад. Ҳар ҷо рӯ ба рӯ шавем, ҳамчун дӯстони қарин суҳбат мекунем ва аз ҳоли якдигар пурсон мешавем.
Он гоҳ дар рӯзномаи “Риштон ҳақиқати” Абдуллоҷон Исмоилов, Ҳомидҷон Аррақулов, Равшанбек Иброҳимов, Маҳмудҷон Ҷӯраев, Марҳамат Азизова, Муҳаммадвалӣ Усмонов барин журналистон дар вазифаҳои котиби масъул, мудири шӯъба ва мухбирони қаторӣ кор мекарданд. Мутаассифона, бархе аз онҳо имрӯз бо зиндагӣ видоъ гуфта, ба дунёи абад рафтаанд. 
Ҳамон солҳо рӯзнома ҳафтае се маротиба  чоп мешуд. Рӯзмарра дар кумитаи ҳизбии ноҳия ҷаласа барпо мешуд ва он то ними шаб давом мекард. Дар ин ҷаласаҳо Ҳ. Бурҳонов низ иштирок менамуд ва баъди анҷоми он ба утоқаш баргашта, машғули навиштани мавод мешуд. 
Муҳаррир аз кормандон тақозо мекард, ки ҳар як шумораро хеле бодиққат мутолиа кунанд. Худаш низ тамоми фикру зикрашро ба як нуқта сарҷамъ сохта, мекӯшид, ки дар саҳифаҳои он ягон хато нагузарад. 
Баъд вай ба кори дигар гузашт ва мухбири рӯзномаи вилоятии “Коммуна” (ҳоло «Фарғона ҳақиқати”) дар минтақаи Қӯқанд тайин шуд. Рӯзе хабар ёфтам, ки вай бо амри Президент бо унвони давлатии “Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон” сарфароз шудааст. Тавассути занги телефон табрикаш намудам ва ӯ аз ин эътибор хеле хушҳол шуд. 
Ҳамидҷон Бурҳонов оҳиста аз журналистика ба кори нависандагӣ шурӯъ намуд ва даст ба таълифи асарҳои бадеӣ зад. Чандин ҳикояҳои ҷолибаш аз тарафи муштариёни зиёд хеле хуб пазируфта шуданд. Баъд ба навиштани асари нисбатан калонҳаҷм —роман пардохт. Романи “Шайдо”-и ӯ дар муддати кӯтоҳ аз даст ба даст гузаштаву ӯро ҳамчун адиби хушзавқ дар миёни китобдӯстон маъруф намуд.
Қобил ба ёдоварист, ки дар ин роман  идеологияи даврони шӯравӣ ва паёмадҳои басо ногувори он аз тариқи образҳои гуногун ташреҳ шудааст. Бепарвоӣ нисбат ба тақдири инсон, ҷудоиандозиҳои миёни мардум ва хешутаборӣ барин иллатҳои ҷомеа аз нуқтаи назари ӯ дар роман бозтоб ёфтаанд. Гузашта аз ин, вай таваҷҷӯҳи хонандаро ба он ҷалб карданӣ мешавад, ки дар соҳаҳои гуногун фасодкорӣ авҷ гирифтааст ва ҷомеаи моро ба ботлоқ мекашад. Вай аз он ибрози нигаронӣ мекунад, ки фасодкорӣ ҳатто намояндагони аҳли фарҳангу санъатро низ ба доми худ кашидааст. 
Ҳ. Бурҳонов дар ин роман аз ҳаёти духтари ҷавоне низ нақл мекунад, ки ба доми ҷавони дурӯғгӯ меафтад ва ба кӯчаи гумроҳӣ медарояд. Ҷавонписар, ки соҳиби зану фарзанд буд, бо роҳи дурӯғ духтарро ба доми худ медарорад. Баъд саргузаштҳои ошиқона оғоз меёбанд ва дар ниҳояти кор, муносибати ин ду нафар ба муноқишаҳои сахту ногувор оварда мерасонад ва ғайра.
Романи дигари Ҳамидҷон Бурҳонов «Кӯпрук ё ӯзбеке, ки Гитлерро тарсонид» унвон гирифтааст. Ин роман  аз ҳаёти Қаҳрамони Иттиҳоди шӯравӣ, партизани афсонавӣ Мамадалӣ Топиболдиев нақл мекунад, ки ба номи “Казбек” дар вилоятҳои Могилёв ва Витебски Белорус алайҳи фашистони лаин ҷангидааст. Вай маҳз барои ҷасорату матонат дар ин сарзамин ба унвони олии “Қаҳрамони Иттиҳоди шӯравӣ” сазовор гаштааст. 
Баъд аз баргашт аз майдони ҷанг Мамадалӣ Топиболдиев дар ободонии ноҳияи Риштон, аз ҷумла ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Зоҳидон фаъолона иштирок намудааст. Чанд сол раиси колхоз шуда кор кардааст. Вай 6 майи соли 1969 дар 49 солагӣ ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудааст.
Зимни хондани роман чунин ҳувайдо мегардад, ки шахс ҳамроҳи қаҳрамони асар сайру гашт, зиндагӣ мекунад, гоҳе бо вай шод мешаваду гоҳ аз ғами ӯ дилаш озурда мешавад. Тавассути ин образ нависанда писари оддӣ, дилсоф, мард, ҷасур ва як фарди хоксорро ба қалам додааст, ки рӯзе аз рӯзҳо тӯъмаи ғарази яке аз дӯстони наздикаш  мегардаду аз захми корд ба ҳалокат мерасад.
– Ин роман бо дархости муштариёни зиёд дубора интишор гардид. Дар ин рӯзҳо маросими рӯнамоии онро баргузор карда истодаем. Аз он шодам, ки китоб муштариёни зиёд пайдо мекунад, – мегӯяд Ҳамидҷон Бурҳонов. 
Маросими рӯнамоии романи “Кӯпрук ё ӯзбеке, ки Гитлерро тарсонид” 11 апрел дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Риштон баргузор гардид. Дар он муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ оид ба корҳои маънавият ва маърифат подполковник Бурҳонҷон Мамаҷонов ба сухан баромада, аз мундариҷаи китоб мухтасар ҳарф зад. Баъд Ҳамидҷон Бурҳонов роҷеъ ба сабабҳои таълифи ин роман, банду баст ва ҷиҳатҳои муҳими он ба иштирокчиёни маросими рӯнамоӣ маълумот ироа кард.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: