Президенти Ўзбекистон Спикери парлумони Сингапурро қабул кард

  • Президенти Ўзбекистон Спикери парлумони Сингапурро қабул кард
  • Президенти Ўзбекистон Спикери парлумони Сингапурро қабул кард
  • Президенти Ўзбекистон Спикери парлумони Сингапурро қабул кард

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 май дар ҳошияи Форуми сеюми байналмилалии сармоягузории Тошканд Спикери парлумони Ҷумҳурии Сингапур Сиа Киан Пенгро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози суҳбат раиси парлумон ба роҳбари кишвари мо барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, ба ташкили форум баҳои баланд дод.

Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки соли гузашта дар муносибатҳои Ӯзбекистону Сингапур пешравиҳои азим ба мушоҳида расид. Ду сафари давлатӣ бомуваффақият анҷом ёфта, гардиши мол ва теъдоди лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои нассоҷӣ ва кимиё, кишоварзӣ, логистика ва ғайра мунтазам меафзояд.

Ба афзоиши ҳамкориҳо дар самти омодасозии кадрҳо, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва амнияти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Муҳимияти назорати самараноки муштараки парлумонӣ аз болои иҷрои созишномаҳои сатҳи олӣ қайд карда шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: