БЕҲБУДИ ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ – ДАР МАРКАЗИ ДИҚҚАТ

  • БЕҲБУДИ ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ – ДАР МАРКАЗИ ДИҚҚАТ
  • БЕҲБУДИ ТАЪЛИМИ ТОМАКТАБӢ – ДАР МАРКАЗИ ДИҚҚАТ

Тавре ки маълум аст, дар мамлакати соҳибистиқлоламон диққату эътибор ба таълими томактабӣ беш аз пеш рӯ ба беҳбуд меоварад.

Чунин таваҷҷӯҳ боис гардида, ки одамон ҷиҳати ҷалби фарзандонашон ба  кӯдакистонҳо муносибати хайрхоҳона доранд ва аз ҷараёни таълиму тарбия дар ин муассисаҳо ибрози ризоият менамоянд. Ин беҳуда нест ва мувофиқи эҳтиёҷ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар биноҳои хушсохту замонавии марбут ба муассисаҳои таълими томактабӣ сол аз сол зиёд мешаванд.
Дар вилояти Тошканд афзоиш ёфтани теъдоди муассисаҳои таълими томактабии дорои тамоми имкониятҳои замонавиро мардуми он хеле хуш истиқбол мекунанд. Агар ба рақамҳо муроҷиат кунем, соли 2022 фарогирии ин муассисаҳо 38,7 дарсад буд ва то моҳи майи соли 2023 нишондиҳандаи мазкур аз 50 дарсад гузашт. Тибқи нақша то соли 2030 бештар аз 80 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба кӯдакистонҳо фаро гирифта мешаванд.
Танҳо дар соли равон шумораи муассисаҳои таълими томактабии вилояти Тошканд ба ду адад боз афзоиш ёфт. Корҳои сохтмон ва муҷаҳҳаз намудани муассисаи давлатии томактабии рақами 13 дар ноҳияи Пискент анҷом ёфт ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои кӯҳнаи ин муассиса, воқеъ дар маркази ноҳия соли 1970 сохта шуда, барои 140 ҷой пешбинӣ гардидааст.
Дар асоси барномаи «Сармоягузорӣ»-и соли 2021 ба маблағи 2 миллиарду 600 миллион сӯм бино аз таъмиру бозсозӣ бароварда шуд. Инчунин як бинои иловагии дорои 90 кат дар паҳлӯи он ба истифода дода шуд.
– Имрӯз дар ноҳияи мо 51 муассисаи таълимии томактабӣ фаъолият менамоянд. Ҷамъи кӯдакони аз 3 то 7-сола, ки бояд ба кӯдакистонҳо ҷалб карда шаванд, 7 ҳазору 339 нафарро ташкил мекунанд. Аз ин шумор 4 ҳазору 530 нафари онҳо дар муассисаҳои таълимии томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Сатҳи фарогирӣ 62%-ро ташкил медиҳад. Ифтитоҳи муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 13 барои баланд бардоштани сатҳи фарогирӣ дар ноҳия ва гирифтани таълими босифати кӯдакон дар он боз заминаи мусоид фароҳам меорад, – мегӯяд мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳияи Пискент  Бахтинисо Эшмуродова.
Вай меафзояд, ки муассиса барои 3 гурӯҳи синни хурди кӯдакон муқаррар шуда, дар он  толори мусиқӣ,  ошхонаи кӯдакона, ҷои пухтупази хӯрок,  ҳоҷатхона барои кӯдакон ва  кормандон, ҷои хоб, хонаҳо барои гузаронидани машғулиятҳои гуногун ва амсоли он мавҷуд аст. Ба таъкиди Эшмуродова ин бино бо системаи марказгармӣ низ таъмин мебошад. Кӯдакон метавонанд аз оби тозаи нӯшокӣ низ истифода баранд. Қувваи барқ, гази табиӣ низ ба таври лозима таъмин шудааст. 
– Дар қисмати бинои кӯҳна, ки барои 140 ҷой пешбинӣ шудааст, майдончаи варзишии дорои тамоми имкониятҳо мавҷуд аст. Ҳамаи ходимони мо соҳиби маълумоти олианд. Барои фарзандони мардум шароити созгор фароҳам оварда шудааст, то ки онҳо аз таҳсили босифат баҳраманд шаванд, – мегӯяд директори кӯдакистони рақами 13 Манзура Инъомова.
Худи ҳамон рӯз дар ноҳия боз як муассисаи таълими томактабии ғайридавлатӣ ба истифода дода шуд. Соҳибкор Шоҳсанам Атаева дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Митан» бо маблағи худ як муассисаи хусусии томактабӣ сохта, ба истифода супурд, ки дорои 50 кат мебошад. 
– Дар оянда мо боз барномарезӣ кардаем, ки теъдоди умумии кӯдаконро дар ин муассиса ба 150  нафар расонем. Илова бар ин, барои кӯдакони 1-3 сола гурӯҳҳои махсус низ боз карданием, – гуфт ин соҳибкорзани маҳаллӣ.
Гуфтан бамаврид аст, ки ҳарду муассисаи томактабӣ бо дизайни замонавӣ сохта шудаанд. Дар ин ҷо кӯдакон ғайр аз машғулиятҳои забони англисӣ ва русӣ, боз ба маҳфилҳои шоҳмот, шашка, рассомӣ, гимнастикаи бадеӣ, шиноварӣ ҷалб карда хоҳанд шуд.
Ногуфта намонад, ки дар маросими ифтитоҳи бинои иловагии кӯдакистонҳо меҳмонон аз Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят, намояндагони ҳокимияти ноҳия ва фаъолони ҷомеаи маданӣ иштирок намуда, ба шодии кӯдакон шарик шуданд.

Шаҳноза ТӮРАЕВА,
сармутахассиси дафтари матбуоти Агентии таълими томактабӣ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: