Президент Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои коҳиш додани дараҷаи инфлятсия дар соли ҷорӣ ҷамъомад баргузор намуд.
Инфлятсия на танҳо нишондиҳандаи макроиқтисодӣ, балки омиле мебошад, ки ба даромад ва сатҳи зиндагии мардум таъсир мерасонад. Бинобар ҷамъбасти соли 2022 инфлятсия дар кишвари мо 12,3 фоизро ташкил дод. Соли ҷорӣ бо истифода аз тамоми механизмҳои иқтисодӣ то ба сатҳи 10 фоиз кам кардани ин нишондиҳанда ба нақша гирифта шудааст.
Таъкид гардид, ки барои ин бояд ҳаҷми истеҳсоли молҳои истеъмолӣ, аз ҷумла озуқаворӣ зиёд гардонда, хароҷот барои логистикаи «аз саҳро то миз» кам карда, арзонии онҳо таъмин карда шавад. Оид ба истифодаи самарабахши 200 ҳазор гектар замин, ки ба аҳолӣ барои афзун гардондани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷудо шудааст, супоришот дода шуд.
Барои низомнок ташкил намудани ин чорабиниҳо вазифаи таҳия намудани «харитаҳои роҳ»-и ҷудогона бинобар ҳар як ноҳия ва шаҳр бо назардошти иқтидори минтақаҳо гузошта шуд.
Дар баланд бардоштани даромади аҳолӣ ҷалб намудани маблағи озоди онҳо ба бозори молиявӣ аҳамияти муҳим дорад, таъкид гардид дар чорабинӣ.
Имкониятҳое, ки дар ин бобат фароҳам оварда мешаванд, натиҷаҳои хуб мебахшанд. Аз ҷумла, ҳаҷми депозитҳои бонкии аҳолӣ дар тӯли се соли охир ду баробар афзуд. Аммо дар ин соҳа ҳанӯз имкониятҳои истифоданашуда зиёданд. Ба ин муносибат дар ҷамъомад оид ба густариши намудҳои хидматрасонии молиявии барои аҳолӣ ҷолиб супоришот дода шуданд.