Дар Тошканд нишасти дуюми вазирони энергетикаи Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Қазоқистон баргузор шуд

Дар конфронс таҳти мавзӯи “Лоиҳаи пайвастани низоми экологии Ўзбекистон – Қозоғистон – Озарбайҷон (“Долони сабз”)” тақдимот баргузор гардид.

Дар он вазири энергетикаи Ӯзбекистон Ҷ. Мирзамаҳмудов, вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдо Л. Қудратов, вазири энергетикаи Қазоқистон А. Сатқалиев, вазири энергетикаи Озарбойҷон П. Шаҳбозов, вазири иқтисоди Озарбойчон М.Ҷ абборов ва намояндагони дигар идораҳо ва институтҳои молиявии байналмилалӣ иштирок карданд.

Дар чорабинӣ супоришҳои техникӣ оид ба таҳияи асосҳои пешакии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи содироти энергияи сабз ба Аврупо тавассути ҳамгироии бахшҳои энергетикаи Озарбойҷон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон тасдиқ карда шуданд.

Масъалаи ба омӯзиши шароити техникӣ-иқтисодӣ ҷалб намудани машваратчиёни байналхалқӣ баррасӣ гардид.

Асосҳои лоиҳа, тайёр кардани лоиҳаи шартномаи байнидавлатӣ ва дигар масъалаҳо муҳокима шуданд.

Дар ҷамъбасти конфронс санадҳои дахлдор ба имзо расонида шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: