«САЙРИ АДЛИЯ» ДАР БОҒИ СОМОНИЁН

Бо ташаббуси Вазорати адлия дар Соли гиромидошти инсон ва маҳаллаи фаъол бо мақсади баланд бардоштани донишу маданияти ҳуқуқӣ, фаъолнокии иҷтимоии аҳолӣ дар ҳудудҳо тадбирҳои тарғиботии «Сайри адлия» баргузор мешаванд.

Чунин тадбир бо ташаббуси Садорати адлияи вилоят дар Боғи Сомониёни шаҳри Бухоро таҳти унвони «Шаҳрвандон ба идораҳои давлатӣ не, идораҳои давлатӣ бояд барои шаҳрвандон хидмат кунанд» ба амал омад. Дар он бобати омӯзиш ва ҳалли фаврии масъалаҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандон ба миён омад, эътибори ҷудогона дода шуд. Ба тарзи сайёр ба роҳ монда шудани хидматҳои давлатӣ, ҳаракатҳои нотариалӣ ва сабти далолатномаи ҳолатҳои шаҳрвандӣ имконият дод, ки баҳри пешгирӣ намудани низоъҳои оилавию талоқ, бекорию қонуншиканиҳо барин масъалаҳо то андозае кумак расонад. «Гӯшаҳои ахбори ҳуқуқӣ» бошад, бобати афзун гардондани шууру маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, фаҳмондани моҳияти қонунҳои қабулгардида ва дигаргунию иловаҳо дар онҳо омили муҳим гардид. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби аъзои клуби «Болҳои адолат» (талабагони техникуми ҳуқуқшиносӣ) ба ҷавонон ва бонувон дар доираи лоиҳаи «Street law» бобати як идда имтиёзҳои қонунӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ маълумот дода шуд. Инчунин, оиди имтиёзҳо ба шахсони имконияташон маҳдуд аз қабили тартиби гирифтани ёрии моддию нафақаи иҷтимоӣ, бо мақсади оғози соҳибкорӣ гирифтани кредит, алимент, манзил, замин, оқибатҳои манфии ришвагирӣ, тороҷ, маълумот дар бораи шабакаю сайтҳои ҳуқуқӣ ва ғайра буклету варақаҳо паҳн карда шуд. 

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: