ТАҶРИБАИ ЧИН ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ ЭКОСИСТЕМА ОМӮХТА МЕШАВАД

Миёни Ӯзбекистон ва Чин дар бисёр соҳаҳо, бахусус дар соҳаи экология, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим ҳамкории пайваста ва муассир ба роҳ монда шудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим хабар дод. 
3 ноябри соли 2007 бо Идораи давлатии ҳифзи муҳити зисти Чин ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расида буд. Соли 2019 байни Маркази байналмилалии инноватсионии назди Вазорати экологияи Ӯзбекистон ва Институти экология ва ҷуғрофияи Шинҷони назди Фарҳангистони улуми Чин (XIEG) дар робита бо ривоҷ додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар минтақаи назди Арал созишнома ба имзо расидааст.  
 Моҳи ноябри соли 2023 сафари раиси Ҷамъияти миллии Чин оид ба назорати саноати қум ва биёбон Ан Фэнҷи барои иштирок дар ҷаласаи 21-уми Кумитаи баррасии иҷрои Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (CRIC-21) ташкил карда шуд.
Қобили зикр аст, ки дар мулоқоти Ан Фэнҷи бо вазири экология, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов масъалаҳои таназзули замин ва истифодаи устувори замин, аз ҷумла табодули таҷриба ва амалӣ намудани фаъолияти муштараки илмӣ-тадқиқотӣ дар минтақаҳои дорои хатари баланди Ӯзбекистон аз тӯфонҳои чангу рег баррасӣ шуданд. Дар натиҷа созишнома дар бораи дар ояндаи наздик ба роҳ мондани ҳамкории мушаххас бо роҳи таҳия ва имзои Меморандум дар бораи ҳамкории илмию амалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди биёбоншавӣ ва таназзули замин ба даст оварда шуд. 
Барои маълумот – Чин яке аз кишварҳои пешқадам дар татбиқи лоиҳаҳои экологӣ мебошад ва он барои ҳифзи заминҳои ҳосилхез аз таъсири манфии табиат мусоидат мекунад. Ин кишвар инчунин дар мубориза ба муқобили биёбоншавӣ ва барқарор намудани системаҳои экологӣ таҷрибаи бой дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: