Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи қувваи маънавии халқамон

  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи қувваи маънавии халқамон
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи қувваи маънавии халқамон
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи қувваи маънавии халқамон
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи қувваи маънавии халқамон
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи қувваи маънавии халқамон
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи қувваи маънавии халқамон
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи қувваи маънавии халқамон
  • Маркази тамаддуни исломӣ – рамзи қувваи маънавии халқамон

15 июни соли 2018, зимни иди Рамазон, Президент хишти аввали пойгоҳи Маркази тамаддуни исломиро гузошта буд. Роҳбари давлат дар яке аз рӯзҳои муқаддаси Рамазон боз аз ин маҷмӯа боздид намуд.

Ин марказ бо масоҳат ва муҳтавои худ ҳайратовар аст. Сохтмони он қариб чор сол аст, ки идома дорад. Он аз се ошёна иборат буда, бинобар намунаи ёдгориҳои қадимаи таърихии халқамон сохта шудааст. Дар маркази бино гунбази бузург бо намуди симметрӣ аз чор ҷониб ҷойгир шудааст. Ҳоло корҳои ҷузъӣ бурда мешавад.

Президент Шавкат Мирзиёев кори анҷомёфтаро аз назар гузаронд. Дар ороиши бино ҷузъҳои ороишӣ ва намуди дилгармкунандаи мисли мадрасаҳои қадима истифода шудааст.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки на танҳо ба сифати сохтмони маҷмӯа, балки ба муҳтавои он низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.

– Мо ба ин ҷо, дар рӯзи ҷумъаи моҳи муқаддаси Рамазон беҳуда наомадем. Ният дар ин моҳи дурахшон мустаҷоб мегардад. Солҳои охир мо озмоишҳои мураккабро пушти сар намудем. Дар ин ҷо кор қатъ нагардид. Мо онро барои чӣ месозем? То ки ҷаҳонбинӣ васеъ гардида, ифтихори мардумамон пурзӯр шавад, бо аёниятҳои моддӣ нишон дода шавад, ки мо чӣ гуна халқи бузургем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Таъкид шуд, ки Маркази тамаддуни исломӣ иқтидори маънавию маърифатии халқи моро инъикос хоҳад кард.

– Соли гузашта мо дар Қашқадарё корхонаи Uzbekistan GTL-ро кушодем ва ба ҷаҳон қувваи иқтисодии мамлакатро нишон додем. Ин марказ таҷассумгари рамзи маънавӣ ва қувваи маърифатии мардумамон мегардад, – гуфт Президент.

Роҳбари давлат бо намунаҳои нигораҳо ва навиштаҷоти деворҳо шинос шуд. Мувофиқи мақсад будани дар сақфи дарвозаҳо сабт намудани оёте, ки ба сулҳу дониш ва тарбият ҳидоят менамояд, таъкид намуд.

Дар бораи қисмҳои асосии Маркази тамаддуни исломӣ маълумот дода шуд. Дар ошёнаи якум анбори музей, ҷой барои ҳифз ва таъмири дастхатҳои қадима ва осори антиқа, нашриёт ва дуконҳои китоб ҷойгир хоҳанд шуд.

Ошёнаи дуюм маҳалли асосии намоишгоҳии маҷмӯа хоҳад гардид. Музейи таърихи ислом аз нӯҳ қисм иборат хоҳад шуд. Дар маркази бино зери гунбади 65 метрӣ Қуръони усмонӣ – дурдонаи ҷаҳони ислом ҷойгир мегардад. Дар атрофи ин толор 8 қисми боқимонда – «Осиёи Марказӣ дар давраи тоисломӣ», «Паҳн гардидани ислом дар Осиёи Марказӣ», «Таълим», «Илм», «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ», «Санъат ва ҳунармандӣ», «Анъанаҳо» ва «Эҳёи сеюм – Ӯзбекистони Нав» ҷойгир мешаванд.

Дар ин ошёна маҷлисгоҳ барои 550 ҷой ташкил мегардад.

Президент аз қисми «Илм» боздид намуд, дар бобати васеъ ва мутаассир муаррифӣ намудани мероси олимони гузаштаи бузургамон тавсияҳо дод.

Роҳбари давлат ба ошёнаи сеюм баромада, аз сохтмони китобхона, кафедраҳои илмӣ ва коргоҳҳои маъмурии Академияи исломӣ боздид намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: