Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон ҷавонон дар кишварҳои мухталифу тараққиёфта мавриди таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ва давлату ҳукумат қарор гирифтаанд.
Насли ҷавон нерӯи бузурги ҳар як давлату ҷомеа ба шумор мераванд, зеро онҳо табақаи мустаҳкам ва пайвандгари наслҳо мебошанд.
Воқеан, дар шароити муосири инкишофи давлати соҳибистиқлоламон бо ташаббуси Президент Ш.Мирзиёев ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти алоҳида дода мешавад. Воқеан, он муҳит ва шароитҳое, ки бо ташаббуси Президент ва ҳукумат дар мамлакат фароҳам оварда мешаванд, имрӯз ҷавонони Ӯзбекистон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт маҳорати худро нишон медиҳанд, дар қатори ҷавонони кишварҳои мухталифи ҷаҳон ном ва парчами Ӯзбекистонро баланд мебардоранд.
Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳо бо мақсади мутаҳҳид кардани ҷавонон ва бунёд кардани Ӯзбекистони Нав чорабиниву ҷашнвораҳои зиёд баргузор мешаванд. Ҷашнвораи ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, якҷо бошем» аз зумраи ҷашнвораҳоест, ки рӯзҳои охир дар сартосари кишварамон ҷавонони зиёдро дар атрофи худ мутаҳҳид кард. Ба наздикӣ дар маркази шаҳри Олмалиқ низ чунин чорабинӣ бо ташаббуси ҳокимияти вилояти Тошканд, садорати Агентии кор бо ҷавонони вилоят, ҳокимияти шаҳри Олмалиқ ва ташкилоту идораҳои дахлдор баргузор шуд.
Воқеан, ин ҳама ғамхориву дастгириҳое, ки аз ҷониби Президент ва ҳукумату давлатамон ба бунёдкорони Ӯзбекистони Нав нигаронда мешавад, бояд масъулияти ҷавононро ба маротиб афзун намояд. Имрӯз ҳар яки мо – ҷавонон бояд донем, ки дар рушду пешрафти кишвари маҳбубамон саҳмгузорем ва дар рушду равнақ ва бунёди Ӯзбекистони Нав набояд хешро бетараф гирем.
Меҳровар ҚОДИРЗОДА,
вилояти ТОШКАНД.