Ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии директори Агентии «Узавиация» Тоҳир Назаров дар ҷаласаи навбатии роҳбарони маъмуриятҳои авиатсионии минтақаҳои Аврупо ва Атлантикаи Шимолии СБАШ, ки дар Париж ҷараён дорад, ширкат мекунад.
Дар мулоқот сардорони маъмуриятҳои авиатсионии зиёда аз 50 мамлакати аъзои бюрои Аврупо ва Атлантикаи Шимолӣ иштирок доранд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои такмили назорат аз болои таъмини бехатарии парвозҳо, таъсири авиатсияи гражданӣ ба муҳити зист ва рушди ҳамкорӣ дар самти татбиқи стандартҳои СБАШ баррасӣ мешаванд.