САЛОМ, МАКТАБ!

Ба муносибати оғоз ёфтани соли хониши нав дар муассисаҳои таълимӣ, мактаб-интернатҳои ихтисосёфтаи эҷодӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва Президентӣ «Рӯзи дониш» баргузор гардид ва таҳти унвони «Барои ҳаёти нав, барои Ӯзбекистони Нав!» дарсҳо ҷараён гирифтанд.

Саҳни мактабҳо хеле идона оро ёфтаанд. Ҷавонписарону духтарон инак, баъди ба охир расидани таътили тобистона боз ба мактаби азизи худ баргаштанд. Мактаб онҳоро ба оғӯш кашид. Акнун онҳо паси партаҳо нишаста аз устодони азизи хеш сабақ меомӯзанд...
Мувофиқи маълумотҳо имсол дар вилояти Ҷиззах 28 ҳазор нафар наврас ба остонаи мактаб бори аввал қадам ниҳод. Ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои Президент: ҷузвдон ва 12 номгӯ лавозимоти дарсиро ботантана супориданд. 
Назар ба иттилои расида дар кишварамон барои донишомӯзони синфҳои поёнии 1-4 беш аз ду миллион нусха китобҳои дарсӣ аз сари нав ба нашр расиданд. Ба ғайр аз ин, барои фанҳои информатика, таърих ва адабиёт китобҳои нави дарсӣ таълиф ёфтаанд, ки ҷамъи онҳо ҳам аз 300 ҳазор зиёдтар аст.
Дар Рӯзи дониш ҳокими вилоят ба Мактаби президентии шаҳри Ҷиззах ташриф овард. Ҳозиринро бо оғозёбии соли нави хониш табрик гуфт ва таъкид намуд, ки оянда дар дасти наврасон мебошад.
Бояд гуфт, ки на танҳо дар мактабҳои президентӣ, ё  мактабҳои махсуси ихтисосёфтаи эҷодӣ, балки кулли мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ шароит мусоид фароҳам оварда шудааст.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: