ИДИ АҲЛИ МАОРИФ

Фазои ноҳияи Сариосиёро қабои идона фаро гирифта буд.

Дар чеҳраи ҳар пиру барное, ки ба сайргоҳ меомаданд, хушнудӣ ва қаноатмандиро пай мебурдед. Ба муносибати 32-солагии истиқлоли кишварамон аз тамоми гӯшаю канори ватанамон ва берун аз он меҳмонҳо омада буданд. Дар як тараф намоиши ҳунарҳои миллӣ, дар тарафи дигар бошад, овозхонҳо ва варзишгарон ҳунарнамоӣ мекарданд. Меҳмононро сарони ноҳия  бо гулу гулдаста ва нону намак пешвоз мегирифтанд.
Чорабинӣ бо сухани табрикотии ҳокими ноҳия Абдуқодир Донаев ҳусни оғоз гирифт. Дар чорабинӣ роҳбарони муассисаҳои таълими мактабӣ ва томактабӣ таҳти роҳбарии мудири шуъба Тоҷиддин Давронов фаъол иштирок карданд. Хурсандии роҳбарони мактабҳоро ҳадду канор набуд, чун аз тарафи ҳокими вилоят ба тамоми мактабҳои ноҳия ҳашт номгӯ асбобҳои мусиқӣ ва 40-донагӣ тӯб барои бозиҳои варзишӣ тӯҳфа карда шуд, ки мактабҳо то ҳол шоҳиди ин иқдоми нек нагардида буданд. Каме пештар мактабҳои ноҳияро барои аз таъмир баровардан бо масолеҳи сохтмон таъмин намуда буданд. Роҳбарони мактабҳо барои эътибор ба ҳокими вилоят Улуғбек Қосимов миннатдорӣ намуданд. Дарҳақиқат, баъди вазидани насими истиқлол барои омӯзгорон ва мактабҳои миёна як қатор имтиёзҳо дода шуд, ки ин ҳама ба туфайли сиёсати пешгирифтаи Президент буд. Омӯзгор дар баробари оғози соли хониш дар саҳро барои ғунучини пахта ҷалб карда мешуд. Омӯзгорро барои корҳои баҳудаву беҳуда сафарбар менамуданд, ки ин ба сифати таълим зарари манфӣ мерасонд. Дар урфият мегӯянд, ки: «Поёни шаби сияҳ сафед аст». Ҳақ бар ҷониби ин мақоли халқӣ аст, ки имрӯзҳо сифати таълим дар ноҳияи Сариосиё хеле назаррас рушд кардааст. Мо ин иқдоми хирадмандонаи ҳокими вилоятро дастгирӣ намуда, ба ивази ин бо нерӯи тоза соли хониши навро пешвоз гирифта, ба сифати таълим саҳми арзандаи худро мегузорем. Ман низ аз номи тамоми устодони ноҳия иди истиқлолро ба мардуми шарифи диёрам муборакбод гуфта, ба ҳама тансиҳатӣ, осмони соф ва сулҳу салоҳро таманно дорам! Бигузор, кавкаби бахт доимо дар осмони ҳар як фарди меҳандӯсту хештаншиноси кишвари маҳбуб дурахшон бошад!
ИДИ ЗАФАР МУБОРАК!
Эй кишвари азизам, иди зафар муборак,
Аз шоми тирарӯе рӯ бар саҳар муборак.
Умре будӣ шикаста, дар гӯшае нишаста,
Аз бандагӣ ба ҳурӣ некӯ сафар муборак.
Озодӣ нур бахшад бар чашму бар дили мо,
Ҳар дидаро бигӯям: « Нури назар муборак»
Рӯзи саиди моро халқи ҷаҳон пазируфт,
Ҳар дам дуои неки аҳли башар муборак.
Чун сорбони доно сарвар муяссари мост,
Гултоҷи хусравонӣ бар фарқи сар муборак.
Фарзандҳои моро ояндае дурахшон,
Дар боғҳои Меҳан гулҳои тар муборак.
Васфи Ватан ба дилҳо марҳам шавад, 
Саодат,
Дар ин ғазал, ки суфтӣ дурру гуҳар, 
муборак!

Саодат САНГИНОВА,
роҳбари мактаби таълими ҳамагонии рақами 82-юми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: