НАҚЛИЁТИ МАЪМУЛУ МАЪҚУЛ БО ҲАРФИ «М»

мегӯянд мардуми шаҳри бостонӣ ва меҳмонони хориҷӣ

Бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлатамон Самарқанд ба маркази сайёҳӣ табдил ёфт. Аз ҳамин сабаб кӯчаҳои шаҳр васеъ, мумфарш ва равон шудаанд. Нақлиёти ҷамоатӣ бисёр шуда, аксарияти онҳо аз хориҷа харид гардид, ки ниҳоят зебо, дилкаш ва дохилаш мӯътадил, равшан, курсиҳо нарму гарманд.
Мусофирон аз хидмати беминнати электробусҳои бо тамғаи «М» сипосгузор ҳастанд, ки қариб садо надорад, ҳаворо ифлос намекунад ва аз рӯи хатсайрҳои хеш қатъӣ ҳаракат мекунанд. 
– Бояд таъкид намуд, ки Самарқанд ба Бонки аврупоии рушду тараққиёти   «шаҳрҳои сабз» аъзо шуд ва 49 миллион доллар кредит гирифт, ки аз Чин электробусҳои замонавӣ харид намояд, – гуфт намояндаи садорати хизмати нақлиёти вилоят Шерзод Халилов, – бинобар ҳамин аз Хитой 6 адад нақлиёт ба шаҳри мо омад ва аз санҷиши ҷиддӣ гузашт. Аз соли оянда боз 94 электробуси замонавӣ дар хидмати мардуми Самарқанд хоҳад шуд. Воқеан, ҳар рӯз 4-5 ҳазор нафар мусофирон аз хидмати беминнати электробусҳо истифода мебаранд. 
Шерзод Халилов иттилоъ дод, ки дар хатсайрҳои гуногун электробусҳо аз рӯи ҷадвали қатъӣ ҳаракат мекунанд. 
– Ман дар минтақаи Суғдиёнаи шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекунам, – иброз дошт Фаридун Қаҳҳоров, – кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки маҳз ба нақлиёти бо тамғаи «М» савор шавам. Зеро он ниҳоят маъмулу маъқул аст. Агар ба яке имконияти нишастан нашавад, баъди 10 дақиқа дигараш пайдо мешавад. Аҷибаш дар он аст, ки мисли дигар нақлиёти мусофиркашон дар ҳар қадам таваққуф карда миҷоз намегирад ва аз рӯи ҷадвали ҷиддӣ ҳаракат мекунад.  

Баҳодури ЗОҲИР, 
Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: