ХИДМАТҲОЯШ МУНОСИБ ТАҚДИР ГАРДИД

Вазъи сиёсии имрӯза собит менамояд, ки сулҳу осоиши байни мамлакатҳои дунё ба робитаҳои диниву мазҳабии байни халқҳо низ вобастагии қавӣ дорад.

Дар форуми 19-уми байналхалқии мусалмонон, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, беш аз 90 муфтӣ, олимони исломшинос, сиёсатшинос, шарқшинос ва дипломатҳои 38 давлати дунё иштирок намуданд.
Форум таҳти мавзӯи «Нақши пешвоёни динӣ дар ҳифзи арзишҳои маънавиву ахлоқӣ ва таҳкими осудаҳоливу бехатарӣ» баргузор гардида, дар он намояндагони Осиёи Марказӣ низ иштирок карданд.
Дар доираи форум намояндаи кишвари мо Комилҷон Раҳимов – корманди пешбари илмии Донишкадаи шарқшиносии ба номи Беруниро раиси Идораи динии мусалмонони Федератсияи Русия, муфтӣ Равил Гайнуддин бо медали ҷашние, ки ба муносибати 200-солагии Ҳусайн Файзхонов бори аввал таъсис гардидааст, тақдир кард.
Бояд тазаккур дод, Ҳусайн Файзхонов яке аз намояндагони номвари ҳаракати ҷадидияи тоторҳо дар нимаи дуюми асри XX мебошад, ки бо барномаи «Ислоҳоти мактаб» ба ин ҳаракат асос гузоштааст.
Ғайр аз ин, навъе хабар расид, Комилҷон Раҳимов барои иштироки фаъолонааш дар чорабиниҳои фарҳангии сафорат, таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни халқҳои тоҷику ӯзбек, саҳми беандозааш дар рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо ифтихорнома мукофотонида шуд. Ифтихорномаро ба ӯ Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар кишвари мо Абдуҷаббор Раҳмонзода супурд.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: