Дар Рим давраи ниҳоии олимпидаи байналхалқӣ оид ба забони англисӣ «HIPPO», ки созмони «Global Hippo Association» ташкил кард, баргузор шуд.
Дар Рим давраи ниҳоии олимпидаи байналхалқӣ оид ба забони англисӣ «HIPPO», ки созмони «Global Hippo Association» ташкил кард, баргузор шуд.
Созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратии «Global Hippo Association» соли 2012-ум ташкил гардидааст. Ин созмони ҷамъиятӣ ба омӯхтани забони англисӣ дар байни хонандагони кишварҳое, ки дар онҳо англисӣ забони асосӣ нест, кумак мерасонад. Аз соли 2013 дар ҳамкорӣ бо созмони Британиёии «Pearson Education» Олимпиадаи байналхалқӣ ҳар сол оид ба забони аглисӣ «HIPPO»-ро дар байни хонандагони синфҳои 1-11 баргузор мекунад.
Соли равон дар давраи интихоботии олимпиадаи мазкур зиёда аз 83 ҳазор мактаббачагон аз 70 кишвар иштирок карданд.
Иштирокдороне, ки давраи интихоботии Олимпиадаи байналхалқии «HIPPO»-ро дар Ӯзбекистон бомуваффақият гузаштаанд, иқтидори худро дар давраи нимниҳоӣ, ки моҳи июни соли равон дар Истамбул (Туркия) гузашт, санҷиданд. Даҳ нафар хонандагон аз мактабҳои Бухоро, Сирдарё ва Тошканд дар гурӯҳҳои худ ғолиб омада, ба давраи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
27-29 сентябр 273 хонанда аз кишварҳои гуногун дар гурӯҳҳои мухталиф қуваозмоӣ карда, дониши худро бинобар забони англисӣ дар давраи хотимавӣ санҷиданд, ки дар Рим таҳти васояти Вазорати корҳои хориҷӣ ва Ҳамкории байналхалқиии Италия ба вуқӯъ пайваст.
Нигора Туғчибоева толиба аз вилояти Сирдарё дар олимпиадаи байни иштирокдорони гурӯҳи «Little Hippo» ғолиб омад ва дар олимпиадаи байналхалқӣ ҷойи аввалро ишғол намуд.
Созмондиҳандагон тамоми ғолибонро бо сертификатҳои байналхалғқӣ, медалҳо ва туҳфаҳои арзишманд мукофотониданд. Эълон шуд, ки давраи ниҳоии ин олимпиадаи байналхалқӣ соли оянда дар ҷазираи Ситсилсияи Италия баргузор мегардад.
АИ «Дунё»,
шаҳри Рим.