МАРҲАЛАИ НАВИ ҲАМКОРИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ОЗАРБОЙҶОН ОҒОЗ МЕЁБАД

Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев 22 август Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамроҳи ҳамсараш бо сафари давлатӣ ба шаҳри Боку рафт.

Дар фурудгоҳи пойтахт ба номи Ҳайдар Алиев роҳбари давлати моро муовини аввали Сарвазири Озарбойҷон Яқуб Эюбов ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ӯзбекистон ва Озарбойҷон мамлакатҳои дӯсте мебошанд, ки забон, анъана ва таомулҳои муштарак доранд. Решаҳои ин дӯстӣ аз таърихи қадим об мехуранд. 
Китоби «Авесто» ёдгории ҳар ду халқ ба шумор меравад. Наврӯз ҷашни умумии ӯзбекону озарбойҷониҳост. Ёдгориҳои нодири эҷодиёти даҳнакии халқ - «Гурӯғлӣ», «Ошиқ Ғариб», «Дада Куркут» боз ҳам амиқтар аз бародарии қадимаи халқҳо нақл мекунанд. Мусиқӣ ва санъати онҳо ҳамоҳанганд. Аз ин рӯ зимни суҳбати намояндагони ин ду халқ тарҷумон лозим нест. 
Дар солҳои охир дӯстии қадима ва ҳамкрии ду халқ ба дараҷаи сифатан нав бардошта шуд. Иродаи сиёсӣ ва сиёсати дурандешонаи Президентҳои ду мамлакат, бешубҳа, ба алоқаҳои дӯстона рӯҳи нав бахшиданд.  
Баъди ба шаҳри Боку расидан Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хиёбони Шараф - оромгоҳи Пешвои умумимиллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиевро зиёрат кард.
Ҳайдар Алиев бобати бунёд ва таҳкими Озарбойҷони мустақил хидматҳои бемисл кардааст. Даврони оғози рушди муттасили мамлакат ва таҳкими обрӯйи он дар арсаи байналхалқӣ бо номи ӯ вобаста мебошад. 
Дар кишвари мо Ҳайдар Алиевро, ки ба амиқсозии муносибатҳои дӯстона бо халқи бародари ӯзбек ҳамеша аҳамияти махсус медод, хуб мешиносанд. Дар Ӯзбекистон ҷашни садсолагии ӯ васеъ қайд гардида буд. Ба ин муносибат маркаҳои почта интишор ёфтанд. Чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву маърифатӣ ва илмӣ баргузор шуданд. 
Дар Тошканд ба шарафи Пешвои умумимиллии халқи Озарбойҷон хиёбони ба номи ӯ мавҷуд буда, дар он ҷо нимтанаи вай гузошта шудааст.  
Шавкат Мирзиёев ба қабри арбоби бузурги давлатӣ ва сиёсӣ Ҳайдар Алиев гул ниҳода, эҳтиром зоҳир кард. 
Пас аз он роҳбари давлат аз хиёбони Шаҳидони шаҳри Боку боздид ба амал овард. 
Дар ин маҷмӯи ёдгорӣ, ки дар маркази пойтахти Озарбойҷон ҷойгир аст, қаҳрамонони миллие, ки ҳаёти худро барои озодӣ ва якпорчагии ҳудуди мамлакат фидо кардаанд, дафн гаштаанд. 
Сарвари Ӯзбекистон ба қабристон гул ва нисбати хотираи ватандӯстони фавтидаи Озарбойҷон арҷ гузошт.  
Дар қароргоҳи «Загулба» маросими мутантани истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон омадааст, баргузор шуд. 
Сарвари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро бо ҳамсараш Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо ҳамсараш самимона пешвоз гирифтанд. 
Дар майдони назди қароргоҳ ба шарафи меҳмони олиқадр қаровули фахрӣ саф кашид. 
Сарони давлатҳо аз назди қаровули фахрӣ гузаштанд. Оркестри ҳарбӣ сурудҳои миллии ду мамлакатро иҷро кард. 
Баъд аз маросими тантанавӣ ва мулоқоти расмӣ Шавкат Мирзиёев ва Илҳом Алиев дар доираи танг вохӯрданд.   
Роҳбари давлати мо ба Президенти Озарбойҷон барои даъват ва меҳмоннавозии самимие, ки нисбати ҳайати Ӯзбекистон зуҳур гардид, миннатдорӣ баён кард. 
Президентҳо дар бораи минбаъд вусъат додани муносибатҳои шарикии стратегии бисёрҷанбаи ӯзбекистониву озарбойҷонӣ табодули афкор карданд. 
Фаъол шудани робитаҳо дар сатҳи парлумонҳо, ҳукуматҳо, минтақаҳо, идораҳои сиёсати хориҷӣ ва ғайра, доираҳои таҳлилӣ бо қаноатмандӣ қайд гардид. 
Солҳои охир ҳаҷми мубодилаи моли байни ду мамлакат мунтазам меафзояд. Миқдори корхонаҳои муштарак 4 баробар зиёд шуд. 
Лоиҳаҳо бобати ба роҳ мондани ҷамъсозии автомобилҳои Ӯзбекистон, кластерҳои шоҳибофӣ ва дӯзандагӣ дар Озарбойҷон намунаи бомуваффақияти ҳамкориҳои пурмаҳсули тарафайн гардиданд. 
Бинобар натиҷаи анҷумани тиҷоратие, ки дар арафаи сафар ба вуқӯъ пайваст, маҷмӯи бузурги лоиҳаҳои нави кооператсионӣ ва қарордодҳои тиҷоратӣ ташаккул дода шуд. 
Сарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон пешомади амиқсозии кооператсияи саноатӣ дар энергетика, мошинсозӣ, филизот, шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, соҳаҳои истихроҷ, бофандагӣ, пиллапарварӣ, дорусозӣ, электротехника ва ғайраро баррасӣ намуданд.
Ба мақсади дастгирӣ кардан ва пеш бурдани лоиҳаҳои муштарак муҳимияти таъмин сохтани фаъолияти самарабахши Ширкати ташкилшудаи сармоявии ӯзбекистониву озарбойҷонӣ таъкид гардид. 
Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва транзит эътибори махсус дода шуд. 
Зарурияти зиёд кардани боркашонӣ бинобар Гузаргоҳи мобайнӣ, рушди муштараки инфрасохтори логистикӣ ва бандарӣ қайд шуд.
Президентҳо дар бораи муҳимияти рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ба роҳ мондани мулоқоти мунтазами роҳбарони минтақаҳои ду мамлакат барои коркард ва пешбурди муштараки лоиҳаҳои нави кооператсионӣ ибрози назар намуданд. 
Эътибори дуҷониба нисбати рушди мубодилаи фарҳангиву инсонпарварӣ, амалан татбиқ намудани барномаҳои муштарак дар соҳаҳои таълим ва илм изҳор гардид. 
Муҳимияти муттаҳид намудани саъю кӯшишҳо дар мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ, экстремизм, хариду фурӯши нашъа, киберҷиноятҳо таъкид шуд. 
Роҳбарони давлатҳо ҳамчунин бобати рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд, масъалаҳои идома додани мулоқоти мунтазам ва дастгирии тарафайнро дар доираи сохторҳои бисёрҷанба муҳокима намуданд. 
Гуфтушунидҳои Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар таркиби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду мамлакат идома ёфт. 
Масъалаҳои минбаъд амиқсозии муносибатҳои шарикии стратегии ӯзбекистониву озарбойҷонӣ ва рушди ҳамкориҳои бисёрҷанба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои сиёсат, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ ва маданиву башардӯстӣ муҳокима гардиданд.
Роҳбари давлати мо дараҷаи баланди тӯли солҳои охир бадастомадаро барои пешрафти муносибатҳои байни ду мамалакат, ки халқҳои онҳоро дини ягона, суннатҳои маънавӣ, анъана, забон ва маданияти ҳаммонанд қарин месозанд, таъкид намуд.
Роҳбари Ӯзбекистон халқи Озарбойҷонро бо 100-умин солгарди арбоби бузурги давлатӣ, пешвои умумимиллӣ Ҳайдар Алиев муборакбод кард.
Президентҳо ба натиҷаи анҷумани тиҷоратӣ, ки ба наздикӣ бо иштироки ширкатҳои машҳури Ӯзбекистон ва Озарбойҷон баргузор шуд, баҳои баланд доданд. 
Рушди мунтазам дар савдо ва кооператсияи саноатӣ бо қаноатмандӣ қайд гардид. Мавҷуд будани тамоми имкониятҳо барои то ба 1 миллиард доллар расондани мубодилаи мол тӯли солҳои наздиктарин аз тариқи иваз кардани воридоти гаронбаҳо аз кишварҳои сеюм бо маҳсулоти арзон ва босифати истеҳсолгарони миллӣ зикр шуд. 
Дар бораи рушди кооператсияи саноатӣ сухан ронда, Президентҳо ба шартномаҳои қатъӣ бинобар муштаракона татбиқ сохтани лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергетика, филизот, истихроҷ, мошинсозӣ, электротехника, бофандагӣ, дорусозӣ, саноати аграрӣ ва ғайра баҳои баланд доданд. 
Барои дастгирӣ намудани чунин лоиҳаҳо муҳимияти фаъолона аз худ намудани маблағҳои Бунёди муштараки сармоявии ташкилшуда таъкид гардид.
Дастгирӣ шудани рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, аз ҷумла, ба роҳ мондани қарордодҳои бевосита ва вохӯриҳои мунтазами роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳо барои пешбурди лоиҳаҳои нави кооператсионӣ бо назардошти имкониятҳои саноатии онҳо зикр шуд.
Рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои нақлиёт ва транзит сарони ду давлат аз ҷиҳати стратегӣ муҳим маънидод карданд. 
Соли гузашта ҳаҷми кашондани борҳои Ӯзбекистон аз тариқи бандари Боку анқариб ду баробар зиёд гардид. Ӯзбекистон ният дорад, ки минбаъд низ боркашониро, бо истифода аз шабакаҳои замонавии нақлиётии Озарбойҷон, афзун намояд. 
Вобаста ба ин чораҳо бобати созмон додани ширкати муштараки логистикӣ дар доираи Гузаргоҳи наздикаспӣ, ҳамчунин сохтмони инфрасохтори анбор ва марказҳои логистикӣ дар бандарҳои Боку ва кишварҳои сеюм муҳокима гардиданд. 
Як қатор муоҳидаҳои дигар, ки ба таҳкими робитаҳои маданиву инсонпарварӣ, аз ҷумла бобати баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанг ва кино, вохӯрии созмонҳои эҷодӣ ва зиёиёни илмӣ, ҷавонон нигаронида шудаанд, ба имзо расиданд. 
Дар ҷараёни ҷамъомад маърӯзаҳои сарони идораҳои сиёсати хориҷӣ, ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ, вазирони нақлиёт ва энергетика, хоҷагии қишлоқ ва фарҳанг вобаста ба рӯзномаи мулоқот шунида шуданд.
Бинобар натиҷаҳои бадастомада сарони давлатҳо супориш доданд, ки як қатор «харитаҳои амалиёт»-и муштарак тайёр карда, механизми самарабахши татбиқсозии муоҳидаҳои баимзорасида таъсис дода шаванд. 
Дар анҷоми гуфтушунидҳои сатҳи олӣ маросими имзогузории ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба амал омад.
Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Илҳом Алиев Шартномаи таъсис додани  Шӯрои олии байнидавлатии миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро имзо карданд. 
Ғайр аз ин дар доираи сафар 15 ҳуҷҷати дараҷаи давлатҳо, ҳукуматҳо ва идораҳои ду кишвар қабул карда шуданд. 
Аз ҷумла «Харитаи амалиёт» бинобар амиқсозии ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ барои солҳои 2023-2024, Муоҳида дар бораи минбаъд амиқсозии ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати ҷавонон ва варзиш, «Харитаи амалиёт» бобати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи ахбор имзо гардиданд. 
Ҳамчунин ба Муоҳида дар бораи сафарҳои бидуни раводиди шаҳрвандон илова ва тағйирот ворид карда шуданд, бобати ҳамкорӣ дар соҳаи ҷорӣ намудани низоми иттилоотии мубодилаи электронии рухсатномаҳои «E-permit», дар соҳаи фарҳанг, дар ҷанбаи ҳифзи оила ва кӯдакон, дар соҳаи бехатарии хӯрокворӣ, ҳамчунин меморандумҳо оид ба ҳамкории байни котибияти Шӯрои амният, дар соҳаи киберамният ва ғайра имзо шуданд. 
Ҳуҷҷатҳои мазкур ба амиқгардонии ҳамкории амалӣ бинобар як қатор самтҳои пешомадноки ҳамкории тарафайни байни Ӯзбекистон ва Озарбойҷон мусоидат хоҳанд кард. 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барои вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ изҳорот доданд. 
Роҳбари давлати мо ба сарвари Озарбойҷон барои меҳмоннавозии самимии анъанавӣ миннатдорӣ баён кард.
– Басо рамзист, ки аввалин сафари худро пас аз интихобот ман маҳз ба Озарбойҷон анҷом додам. Ин шаҳодати сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба, саъю кӯшиши тарафайн барои ҳамбастагӣ, мавҷуд будани имкониятҳои васеъ баҳри ҳамкории тарафайн мебошад, – қайд кард Президенти Ӯзбекистон. 
Дастгирии ҳамешагии якпорчагии ҳудуди Озарбойҷон аз ҷониби Ӯзбекистон таъкид гардид. Вобаста ба ин сарвари кишвари мо моҳияти махсуси  истиқрори сулҳу салоҳ ба эътидолро дар Қаробоғ таъкид намуд, ҳамчунин ба вусъату суръати корҳои барқарорсозӣ, ки дар инҷо амалӣ мешаванд, баҳои баланд дод. 
Натиҷаи гуфтушунидҳое, ки ба даст омаданду дар ҷараёни он тамоми маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории бисёрҷанба баррасӣ шуданд, бо қаноатмандии бузург зикр гардид.
– Бояд қайд сохт, ки дар байни Ӯзбекистон ва Озарбойҷон мушкилоте вуҷуд надорад. Мо муҳимияти дарёфти имкониятҳои нав ва механизмҳои истифодаи самарабахши иқтидори бузургро ба манфиати халқҳои бародар таъкид кардем, - гуфт роҳбари давлати мо. 
Зикр шуд, ки Шартномаи бинобар таъсис додани Шӯрои олии байнидавлатии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон имзошуда дар муносибатҳои дуҷониба давраи навро боз мекунад. Дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ самтҳои асосии рушди шарикии бисёрҷанба мушаххас карда шуданд.
Сарони давлатҳо ба афзудани савдо, рушди кооператсияи саноатӣ ва инфрасохтори логистикӣ аҳамияти махсус доданд. Ин аз ҷумла лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои автомобилсозӣ, филизот, энергетика, хоҷагии қишлоқ, электротехника, саноати бофандагӣ, сайёҳӣ ва бисёр дигар мебошанд. 
Ҳамчунин дар бораи татбиқ сохтани лоиҳаҳои рушди занҷирҳои нави логистикӣ ва инфрасохтори сохтмон, зиёд кардани ҳаҷми боркашонӣ муоҳидаҳо ба имзо расиданд. 
Имконияти минтақаҳои ду мамлакат ба сифати боз як муҳаррики ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ҳадди имкон истифода хоҳад шуд. Ҳокимон ва роҳбарони маъмуриятҳо дар маҳалҳои пешбурди лоиҳаҳои нави кооператсионӣ ва мубодилаи инсонпарварӣ мунтазам мулоқот хоҳанд кард.
Дар ҷараёни мулоқот ба алоқаҳоии маданӣ эътибори махсус дода шуд. 
Ба қарибӣ дар Озарбойҷон Рӯзҳои маданияти Ӯзбекистон бомуваффақият гузаштанд. Дар доираи ин чорабиниҳо дар Боку муаррифии романи «Рӯзҳои гузашта»-и классики адабиёти ӯзбек Абдулло Қодирӣ, ки ба забони озарӣ тарҷума шудааст, ба вуқӯъ пайваст. 
Рӯзҳои маданият ва кинои тарафайн, вохӯрии зиёиёни эҷодкор ва илм мунтазам гузаронида мешаванд. Соли равон дар Ӯзбекистон аввалин анҷумани ҷавонони ӯзбекистониву озарбойҷонӣ ташкил карда мешавад. 
Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти пурмаҳсул дар соҳати созмонҳои байналхалқӣ чун Созмони Милали Муттаҳид, Созмони давлатҳои туркӣ, ИДМ, САҲА, Ҷунбиши ҳамроҳнашавӣ ва дигар идораҳои бисёрҷанба  идома ёбанд. 
– Гуфтушунидҳои кунунӣ бори дигар фикру ақидаи қатъии моро барои таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ намоиш доданд. Саъю кӯшишҳои мо ба дарёфти натиҷаҳои мушаххас нигаронида шудаанд, – изҳор дошт Президенти Ӯзбекистон дар поёни мулоқот.
Ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Озарбойҷон идома дорад. 

ӮзА.
Сурати Хидмати матбуоти 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: