НИҲОЛИ ДӮСТӢ ПУРБОР БОШАД

Асоси ҳамаи пешрафту тараққиёт ва дастовардҳо дӯстиву рафоқат аст, ки байни мардуми кишварамон сол аз сол мустаҳкам мешавад.

 Ҳар як фарди ҷомеаи мо ба қадри ин дӯстиву бародарӣ мерасад ва дар таҳкими бинои он саҳми арзандаи худро мегузорад. Адибон чи дар замони гузаштаву чи дар замони муосир дар осори худ дӯстиву рафоқатро ба таври воло тараннум кардаву мекунанд. 

 

– Ин дӯстӣ баҳамоварандаи намояндагони тамоми миллату ақвомест, ки зери як осмон ба сар мебаранд ва аз як ҳаво нафас мекашанд,– мегӯяд дар аснои як суҳбат пири хирад ва донандаи таъриху адабиёти мумтозу муосир устод Бегалӣ Болтаев. Вай дар айни ҳол сокини деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх мебошад. Тамоми умри бобаракати хешро ба рушди соҳаи маориф бахшидааст. Ба таъкиди устод беҳуда нест, ки мавзӯи дӯстиву рафоқати байни миллатҳои маскуни ин мамлакати паҳноварамон ҳамеша дар сархати аввали суҳбат, гуфтушунид ва мулоқотҳо қарор мегирад.  
– Кӯдакиву наврасиам замонеро дар бар мегирад, ки одамон дар шароити басо номусоид, нодорӣ ва мӯҳтоҷи як пора нон ба сар мебурданд. Онҳо ба ҷои нон кунҷора хӯрда, худ ва аҳли оилаашонро аз марг наҷот медоданд. Як нуктаро қайд мекунам, ки таърих ҳам онро инкор накардааст. Дар замони ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941–1945 маҳз дӯстиву бародарӣ моро аз юғи фашизм раҳоӣ бахшид. Тоҷик бо ӯзбек, рус бо тотор, қазоқ бо бошқирд, қирғиз бо укроин мисли фарзандони як падару модар алайҳи даҳшатҳои фашизм мубориза бурданд ва ғалаба ба даст овардаанд, – гуфт устод Бегалӣ Умарович.
Баъд ҳамон байти маъруфи шоири тавонои тоҷик Мирзо Турсунзодаро вирди забон овард:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Инсон бо сухани хушку холӣ ба дӯстиву рафоқат ноил намешавад. Ҳарчанд дар бораи дӯстӣ шиорпартоиҳои зиёдро дидаам ва ҳатто дар гузаштаи начандон дур, дар ин раванд худ фаъолона ширкат намудаам, аммо имрӯз маҷрои ҳаёт ба сӯйи дигар меравад. Он одамони зиёди гумроҳро метавонад аз паси худ барад ва ҳаёт инро собит карда истодааст. Дар чанд мамолики дунё ҷангу даргирӣ идома карда, мардумро ба вартаи ваҳшат қарор додаанд, шабакаҳои телевизионӣ рӯзмарра аз қатлу куштори пиронсолон, занону кӯдакони бегуноҳ хабар медиҳанд. Ҳамаи ин бо дастони инсон ба амал бароварда мешавад, ки боиси таассуф мебошад, – иброз дошт ин пири хирад.  
– Як шеъри Камол Насруллоро бароятон мехонам, ки хеле хуб дар бораи дӯстии ду халқи бародар – тоҷикону ӯзбекон сурудааст:
Пайванди як имонем, фарзанди 
мусалмонем,
Не тоҷику не ӯзбек, парвардаи як 
нонем!
Ду дидаи як рӯем, ду соҳили 
як ҷӯем,
Ду устуни як хона, ду сӯи як 
айвонем!
Ҳамсояву ҳамқисмат, 
ҳамхонаву ҳамисмат,
Омехта чун ҳастӣ дар як дилу 
як ҷонем!
Шаҳри ману ту як шаҳр, наҳри ману 
ту як наҳр,
Ҳатто ба мазоре як кулфатзада 
сар монем!…
Ӯ нимаи аввали солҳои панҷоҳуми асри гузашта бахши суханшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм кардааст. 
– Дар бораи дӯстӣ ривоятҳои зиёде мавҷуданд, ки ба бузургони дину шариат марбутанд, – ба суҳбати мо идома медиҳад устод. – Аз ҷумла, дар яке аз ин ривоятҳо Паёмбар (с) мефармоянд: «Ҳар гоҳ яке аз шумо бародар ва ҳамроҳи худро дӯст доред ва алоқамандӣ пайдо кунед, бояд ӯро аз муҳаббат ва алоқаи худ огоҳ созед, зеро ин кор муҷиби беҳбудии равобит мешавад». Ҳазрати Паёмбар (с) дар ҷои дигар фармудаанд:  «Ҳаргоҳ бо касе дӯст шудӣ, бояд аз номаш ва номи падараш ва қабилааш ва манзилаш савол кунӣ, ки ин ҷузъи воҷиботи дӯстӣ буда ва покизатарин дӯстӣ аст».
Дар байни мардум мақоле ҳаст, ки дар маҳфилу нишастҳои гуногун аз он ёдовар мешаванд: «Ҳазор дӯст кам аст,  як душман – зиёд». Ин ҳам воқеияти ҳол аст, зеро як душман метавонад коре кунад, ки ҳазор дӯст дар рафъи он мушкилӣ хоҳад кашид,– изҳор намуд Б. Болтаев.
«Назди табиб нараву назди корафтода рав» гуфтаанд дар урфият. Бегалӣ Болтаев дар тӯли 95 соли ҳаёти худ пастиву баландиҳои зиёдро аз сар гузаронидааст. Аз муаллими одӣ, корманди шуъбаи маорифи ноҳия, то ҷонишини сардори идораи Вазорати маорифи Тоҷикистон расидааст. Дар ҳамин син низ ба ҳаводиси атроф бетафовут нест. Гоҳ-гоҳ ба мактабҳои деҳа, маҳфилу нишастҳои гуногун ӯро даъват мекунанд. 
– Устод хеле ботамкин, ҳамеша бамаънӣ, пурмуҳтаво суҳбат мекунанд. Ҳар суҳбаташон аз панду ҳикмат ва андарз иборат аст. Бештар аз дӯстиву рафоқат ва бародариву баробарӣ ҳарф мезананд. Мегӯянд, ки ниҳоли дӯстӣ пурбор буду ҳамеша пурбор хоҳад монд ва душманӣ озори дил аст. Хислати дигари он кас, ки моро ба ҳайрат овардааст, бекор нанишаста ба китобхонӣ машғул шудан мебошад. Ҳар китобе, ки ба дасташон мерасад, дар як ҳафта-даҳ рӯз онро хонда мебароянд. Илоҳо, устод садсолаву саду даҳсола шаванд ва аз он кас ҳамчун боргоҳи хирад боз солҳои дароз баҳра барем, – мегӯяд корманди Ширкати миллии садову симои ҷумҳурӣ дар ноҳияи Сӯх Ҷаҳонгир Собиров.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: