Кишвари азизу соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед бастааст.
Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳми беназир гузошта метавонанд.
Бемуҳобот, ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди орзуҳои калонро орзу мекунад. Ояндаи Втани мо маҳз дар дасти ҷавонон аст ва инро Президент Шавкат Мирзиёев батакрор ба мо – ҷавонон ёдрас менамояд.
Аммо як саволе ба миён меояд. Ҳоло ҷавонон вақти худро чӣ тавр мегузаронанд?
– Чанд сол пеш аз ин дар кӯчаҳои деҳ наврасону ҷавонони маҳаллаамон машғули бозиҳои гуногуни шавқовар мешуданд. Ҳарчанд овози онҳо ба ҳафт маҳалла рафта мерасид, вале касе аз ин доду фарёд дилтанг намешуд. Баръакс, эҳсоси хотирҷамъӣ мекард, ки фарзандонаш ҳамроҳи ҳамтоёни худ ба ким-кадом бозӣ машғуланд. Ҳатто атрофиён низ бозиҳои онҳоро ба шавқу ҳавас тамошо мекарданд. Ҳар як намуди бозӣ мавсими худро дошт. Дар он гоҳ ин ё он нафар ё ину он гурӯҳ ғолиб ва гоҳ мағлуб мегардид. Ҳангоми таҳсил дар мактаб бошад, ин деҳотиён ба китобхониву илмомӯзӣ машғул буданд,– мегӯяд зимни суҳбат устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона, дотсент Фарҳод Исомиддинов.
– Ҳоло чӣ? Оё вақти ба зодгоҳ рафтан чунин манзараҳои гуворои пештараро мушоҳида мекунед, устод?
– Ҳаргиз! Имрӯз ҳар ҷо равӣ, як манзара пеши назар ҷилвагар мегардад. Ҳама дар даст телефон, ба тамошои ҳодисаву воқеаҳои нодаркору бесамар, ҷангу низоъ, ҳаводиси аз воқеъият дур, суҳбату мулоқотҳои барои синну соли онҳо номуносиб ва амсоли он вақташонро сарф мекунанд, ки дар шабакаҳои интернет пахш гардидаанд. Ин ривоҷёбии технология, албатта, аз як ҷиҳат тарафҳои мусбат низ дорад, вале аз тарафи дигар, таъсири манфии он дар ҷавонони кунунӣ бештар мавриди назар қарор гирифтааст. Ин боиси таассуф мебошад.
Ба таъкиди устод Исомиддинов дуруст аст, ки баъзе ҷавонон барои такмили илму дониш, ёд гирифтани чизҳои марбути навовариҳо аз интернет истифода мебаранд, забонҳои дунёро омӯхта, дониши худро мустаҳкам мекунанд, ки ин боиси сарфарозист.
Ҷои иштибоҳе нест, ки дар айни замон як қатор корҳо тавассути телефон ба анҷом мепазиранд, бо муроҷиат ба шабакаҳои интернетӣ ва компютер ин ё он масъаларо дар фурсати зуд ҳал кардан мумкин мегардад. Ҳамаи ин корҳои анҷомёбанда бидуни сарф намудани вақт бо ёрии технологияи замонавӣ анҷом дода мешаванд.
– Устод, шумо гуфтаниед, ки ҳар кору чиз меъёри худро дорад?
– Бале! Вақт чизе нест, ки онро беҳуда сарф кунӣ. Охири ҳар кори аз меъёр зиёд ё бесамар боиси пушаймониҳо хоҳад шуд. Барои ҳамин вақти худро бояд пурсамар истифода бурд. Тавре ки ба мушоҳида мерасад, ҳоло ҷавонон ба ягон истироҳат, музей ё ҷойҳои тамошобоби дигар раванд, ё дар ягон маросими идонаву тадбир иштирок кунанд, бештар ба аккосӣ намудану ба саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ коштани он машғул мешаванд. Шумо – ҷавонон бояд аз ҳар лаҳза оқилона истифода бурда тавонед ва барои амалӣ гардонидани мақсаду нақшаҳои худ кӯшиш ба харҷ диҳед.
Устод ба он маънӣ низ бештар диққатро нигаронид, ки агар шахс вақти худро ба мутолиаи китоб сарф кунад, дараҷаи фикрониаш васеъ ва донишаш меафзояд. Илму дониши омӯхтаи ӯ нафақат барои худаш, балки барои мардуми диёри худ фоида хоҳад овард.
Аз ин суҳбати ҷандлаҳзаина бо устоди Фарҳод Исомиддинов дарёфтам, ки мо – ҷавонони имрӯза бояд ба тамоми ҳастӣ барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем. Зеро ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Ӯзбекистони соҳибистиқлол мебошанд!
Фархунда РАВШАНЗОДА,
донишҷӯйи соли дувуми Донишгоҳи
давлатии Фарғона.