НАҚШАҲОИ МАРКАЗИ МАДАНИИ ТОҶИКОНИ БОЙСУН

Бойсун маскани илму фан, зодгоҳи шоиру нависандагон, олимону фозилон, ҳунармандону санъатварон аст.

Бойсун маскани илму фан, зодгоҳи шоиру нависандагон, олимону фозилон, ҳунармандону санъатварон аст.
Мулло Масеҳои Бойсунӣ, Мулло Дӯст Нодири Бойсунӣ, Мулло Худойбердии Қаровулбегӣ, Мулло Умари Охунд, Ҷӯра Қушбегӣ ва дигарон зодаву парвардаи ин диёранд.
Аввалин академики Академияи фанҳои педагогии Иттифоқ, Арбоби илми Тоҷикистон Муллоҷон Эркаев дар Сайроби Бойсун таваллуд шудааст. 
Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун низ бойсунист.
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хайрулло Насриддинов, ки фарзанди Бойсун аст, дар Ӯзбекистон низ маълум ва машҳур мебошад. 
Шоирон Равшани Эҳсон, Иззатуллоҳ Кенҷа, Ҷаъфари Муҳаммад, Эркин Муқимов ва дигарон ифтихори Бойсунанд. 
Бойсуниён урфу одат, расму ойин ва анъанаҳои миллии ниёгонро чун гавҳараки чашм пос медоранд. Забони як қисми мардуми Бойсун тоҷикӣ аст. 
Моҳи январи соли гузашта як гурӯҳ аз фидоиёни миллату забон бо роҳбарии шодравон Салим Атоев дар Хонаи маданияти ноҳия ҷамъ омаданд.
Барои пос доштани забон, пуштбонӣ аз мероси ғайримоддии аҷдод таъсис додани Маркази миллии  тоҷикони Бойсунро таклиф менамоям, – гуфт шодравон Салим Атоев.
Ин таклифро ҳама, аз ҷумла Шарофат Шодиеваи 90-сола, ки тамоми умри азизи хешро ба таълиму тарбияи насли навраси миллаташ бахшидааст, дастгирӣ карданд. 
Марказ моҳи ноябри соли 2020 аз ҷониби идораи адлияи вилоят расман ба қайд гирифта шуд. 
Ҳамин тавр созмони ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратии Маркази маданӣ ва миллии тоҷикони Бойсун ташкил ёфт.
Моҳи декабри соли гузашта бо ташаббуси Даврон Орифов дар мактаби рақами 5 (директораш Ҷ. Шарифов) нахустин тадбири марказ дар мавзӯи «Ӯзбекистон — хонаи умеди мо» гузаронида шуд. Моҳи январи соли ҷорӣ дар мактаби рақами 33-юм директораш (Парвиз Мамараҳимов) таҳти шиори «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст» чорабинӣ гузаронида шуд, ки таассуроти хуб гузошт. 
Мувофиқи нақшаи кории марказ моҳи феврал гузаронидани ҷашни 580-солагии Алишери Навоӣ, моҳи март таҷлили ҷашни Наврӯз, моҳи апрел таҷлили 110-солагии академик Муллоҷон Эркаев, моҳи май ёдбуди шодравонҳо Салим Атоев, Рофеъ Раҳимов, инчунин қайди Ҷашнвораи байналхалқии «Бойсун баҳори», моҳи июл баргузор кардани Рӯзи дӯстии халқҳо, моҳи октябр таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ пешбинӣ гардид. 
Ҳамчунин барқарор намудани мактабҳои тоҷикӣ, ташкили дастаи рақсу суруди «Ширу шакар», афзудани шумораи обуначиёни рӯзномаҳои тоҷикӣ, инчунин нашри китобҳои «Шоирон ва нависандагони Бойсун», «Чеҳраҳои Бойсун», «Дар кӯйи некномӣ»-и Нуралӣ Раҷаб, «Дар ёди падар»-и Салом Атоев ва бисёр дигар аз вазифаҳои умдатарини марказ дониста шуданд. 
Марказ дар равнақу рушд ва мустаҳкаму пойдор намудани дӯстии халқҳо бо «Ҷамъияти дӯстии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон», Маркази фарҳанги миллии тоҷикони Ӯзбекистон, Маркази тоҷик ва тоҷикзабонони Самарқанд, Маркази миллии мадании тоҷикони вилояти Сурхондарё ва ғайра ҳамкорӣ мекунад. 

Ғаффор НОРБОЕВ, 
раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони Бойсун.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: