ҚОНУНҲО БОЯД БАРОИ ҲАР ЯК ИНСОН ШАРОИТИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДА ВА ИНКИШОФИ ОЗОДОНАРО ФАРОҲАМ ОВАРАНД

Дар ҷамъомади умумии чордаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ду рӯз — 23-24 апрел дар Тошканд баргузор гардид, масъалаҳои зиёди ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакатамон марбут мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар поён фикру мулоҳизаҳои сенаторонро меорем.

Дар ҷамъомади умумии чордаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ду рӯз — 23-24 апрел дар Тошканд баргузор гардид, масъалаҳои зиёди ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакатамон марбут мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар поён фикру мулоҳизаҳои сенаторонро меорем.

Бахтиёр САЙФУЛЛАЕВ,
раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои ҷавонон, фарҳанг ва варзиш:

— Рафти иҷрои Барномаи давлатии Девони Вазирон оид ба татбиқи Стратегияи чорабиниҳо оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021  дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» дар семоҳаи якуми 2021 ва вазифаҳои семоҳаи II, инчунин, бинобар татбиқи  чорабиниҳое, ки дар барномаи давлатии соли 2020-ум пешбинӣ шудааст,  дар семоҳаи 1-уми соли 2021 ҳисобот дар тамоми кумитаҳои Сенат  ва шӯроҳои маҳаллӣ ба таври пешакӣ муҳокима шуд.
Доир ба иҷрои барномаи давлатии соли гузашта дар қарори Сенат дар бораи иҷрои барномаи давлатӣ ба ҳукумат  бинобар вазифаҳои дар ҳисобот оид ба иҷрои Барнома муайяншуда дар қисмати ҳудудҳо корҳои амалишуда, хусусан оид ба корҳои сохтмону таъмири дар объектҳои иҷтимоӣ иҷрошуда пешниҳод намудани маълумот гузошта шуда буд.  Аммо, дар ҳисобот оид ба иҷрои ин супоришот маълумот тақдим нашудааст. 
Дар мавриди татбиқи Барномаи давлатии «Соли дастгирии ҷавонон  ва мустаҳкамсозии  саломатии аҳолӣ» дар семоҳаи аввали соли 2021 ҳар як супоришоти  Барномаи давлатӣ дар ҳаёти давлат ва ҷомеаи мо аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. Масалан, ҷолиби диққат аст, ки дар ноҳияҳо (шаҳрҳо) «Барномаҳои ҷавонон» тасдиқ гардида, мувофиқи он тавозуни ҷавонон бо мақсади бо ҷои кор таъмин намудани 672 970 нафар ҷавонони бекори ба «дафтари ҷавонон» воридшуда ва пурмазмун гузарондани вақти холии  ҷавонон «маҳаллабай» ташкил карда шуд. Дар ин замина, дар семоҳаи аввали соли 2021 дар маҷмӯъ шуғли 271 495 ҷавон таъмин карда шуданд.
Албатта, хуб аст, ки аз ҳисоби маблағи бунёди «Yoshlar – kelajagimiz» («Ҷавонон – ояндаамон») 17 миллиарду 504 миллион сӯм барои кӯмак ба ҳалли мушкилоти 24 904 ҷавон сарф шудааст. Аммо ин рақамҳо барои хотирҷамъӣ асос шуда наметавонанд.
Зеро дар ҳоли ҳозир дар кишвари мо 1,6 миллион нафар бояд бо кор таъмин карда шаванд, ки беш аз 805 000 нафари онҳо бекорони аз 16 то 30-сола мебошанд.

 

Эркин ГАДОЕВ,
раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлис  оид ба масъалаҳои буҷа ва ислоҳоти иқтисодӣ:
— Дар ҷамъомади умумии чордаҳуми Сенати Олий Маҷлис ҳисоботи раиси раёсати  Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи фаъолияти Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2020» шунида шуд. Дар он нишондиҳандаҳо ва ҳадафҳои асосии аз ҷониби Бонки марказӣ ноилгардидаро раиси Бонки марказӣ муфассал шарҳ дод.
Бояд қайд кард, ки ба туфайли пандемия дар соли 2020 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 580,2 триллион сӯмро ташкил дода, суръати воқеии рушди ММД аз 5,8 фоизи соли 2019 то 1,6 фоиз коҳиш ёфт.
Аммо, дар соли 2020 болоравии нархҳои хӯрокворӣ нисбат ба сатҳи инфлятсияи умумӣ ба таври назаррас баландтар гардида, бинобар ҷамъбасти сол 15,3 фоизро ташкил дод.
Бо мақсади дастгирии соҳибкороне, ки ба муносибати карантин ба мушкилоти молиявӣ дучор шуданд, дар моҳҳои март-декабри соли 2020 аз ҷониби бонкҳо ба 59 235 корхона барои пур кардани маблағҳои гардон 26,8 триллион сӯмина вомҳои револверӣ ҷудо карда шуданд.
То ҳолати  31 декабри соли 2020 баланс ва ҳисоботи молиявии Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби ташкилоти бонуфузи аудитории ҶММ «Deloitte ва Toushe» аз санҷиши байналхалқии аудитӣ гузаронда шуд.
Дар натиҷаи санҷиш ширкати мазкури аудиторӣ ба хулосае омад, ки ҳисоботи молиявии Бонки марказӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва Қонун «Дар бораи Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» пурра ҷавобгӯ мебошад.
Сенаторҳо ба бонкҳои тиҷоратӣ тавсия доданд, ки  ба мақсади зина ба зина коҳиш додани дараҷаи ба асъори хориҷӣ вобаста будани бонкҳо дар самти ҷалби маблағҳо бо асъори хориҷӣ бонкҳои тиҷоратӣ сиёсати эҳтиёткорона пеш баранд ва бобати бо асъори миллӣ амалӣ намудани қисми зиёди қарздиҳӣ чораҳо андешанд. Ғайр аз он, қайд карда шуд, ки ба воситаи ба талаботи байналхалқӣ мутобиқ гардондани сифати хидматҳои бонкҳо ба таври куллӣ такмил додани низоми қарздиҳӣ, таъмини муҳити рақобат дар суғуртакунии қарзҳо, инчунин оид ба бартараф кардани саддҳои бюрократие, ки кормандони бонк роҳ мегузоранд,  бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: