Олимони бритониёӣ аз хатарноктарин штамми COVID-19 ҳушдор доданд

Дар Ботсвана штамми нави сирояти коронавирус пайдо шуд, ки эҳтимолан аз ҳама вариантҳои дигари COVID-19, аз ҷумла "делта" хатарноктар аст.

Дар Ботсвана штамми нави сирояти коронавирус пайдо шуд, ки эҳтимолан аз ҳама вариантҳои дигари COVID-19, аз ҷумла "делта" хатарноктар аст.

Қайд карда мешавад, ки штамми дар Ботсвана муайяншуда, ки номи B.1.1.529-ро гирифтааст,  дорои 32 мутатсия буда, аксари онҳо аз пойдории он ба ваксинаҳо ва гузариши баланди он далолат медиҳанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ба гуфтаи вирусолог Том Пикок, омезиши мутатсия дар варианти Ботсвана "даҳшатовар" аст.

"Дар айни замон, штамм бояд бодиққат назорат карда шавад, аммо агар он зуд-зуд ба мушоҳида нарасад, набояд нигаронии аз ҳад зиёд нишон дод", - шарҳ дод Франсуа Баллу аз Коллеҷи Импер.

То имрӯз дар се кишвар – Ботсвана, Африқои Ҷанубӣ ва Ҳонконг 10 ҳолати касалшавӣ  муайян карда шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: