НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТӢ – СОҲАИ МУҲИМ

Солҳои охир бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлатамон барои ҳифзи саломатии аҳолӣ корҳои ибратбахш амалӣ мешаванд.

 Мутобиқ ба ҳадафҳои «Стратегияи ҳифзи саломатии мардуми  Ҷумҳурии Ӯзбекистон  то соли 2030» ҷамоаи аҳлу тифоқ ва  байналмилали шифохонаи марказии  шаҳри Самарқанд дар  самти хизматрасонии  тиббӣ ба  пешравиҳои  назаррас ноил гардидаанд. 
Дар  арафаи иди Соли нав  бо мақсади ошноӣ аз  фаъолияти  табобатхонаи  мазкур бо сардухтур, доктори фанҳои тиб Аҳмадҷон БОБОҶОНОВ суҳбат оростем. 

Ӯ дар  оғози  мулоқот изҳор дошт, ки соҳаи  тандурустӣ дар  ҳаёти ҷомеа  нақши  муҳим дорад ва  тавре Президент Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатномаи  худ ба Олий Маҷлиси ва халқи кишвар таъкид кард, Вазорати  тандурустӣ ва  умуман  шифокорон бояд ба  мақсади  беҳдошти сифати  хидматрасонии тиббӣ, доир ба дастгирии  мутахассисони  ҷавон, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони  соҳаи мазкур тадбирҳои  мушаххас андешанд. Иттиҳодияи тиббии Самарқанд  низ  вазифадор карда  шуд, ки барои  таъмин намудани аҳолӣ бо  хидмати баландихтисос ва ҷиҳати ворид кардани усулҳои муосири ташхису  табобат, технологияи инноватсионӣ чораҳои  заруриро амалӣ кунанд. 
Шабакаҳои муассисаи табобатӣ 21-то буда, мо ба  беш аз 600 ҳазор нафар аҳолии шаҳр  ва бархе аз манотиқи ноҳияҳои вилоят хидмати  тиббӣ  мерасонем. Танҳо соли 2023 қариб  ба 52 ҳазор нафар  хидмати  беминнат расонда шуд. Зиёда аз 40 ҳазор нафар ройгон  табобат  гирифтанд. Дар  тасарруфи  мо 1068 кати статсионарӣ мавҷуд буда, 1 ҳазору 183 нафар духтурони баландихтисос ва 2 ҳазору  524 корманди  миёнаи  тиббӣ кору фаъолият доранд.
– Аҳмадҷон  Султонбоевич, Иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд  бо  киҳо  ифтихор  дорад?
– Аксар ходимони тиббии мо таҷрибаи хуби корӣ доранд, онҳо беморонро на танҳо бо доруву дармон, инчунин бо табассуму  суханони  хушу  гуворо табобат мекунанд. Ҷарроҳон Суръат  Азимов, Уйғун  Раҳмонов, анестезиолог, со-биқ сарбози байналмилал Ҳабибулло  Муртазоев, кардиолог Азиза  Набиева, мудири шуъбаи бачагон Шоира  Нуруллоева, терапевт Субҳия  Очилова, мудири  таваллудхонаи рақами якум Владимир  Ким, роҳбари  поликлиникаи рақами 12 Дилбар  Собирова, мудири  шифохонаи  бемориҳои  сирояткунанда Роҳила  Бадалова ва  дигарон бо кори неку номи нек ба  ҳурмату эҳтироми умум  сазовор гардидаанд. 
– Ҳифзи сиҳҳатии модару кӯдак таҳкурсии равнақи  ҷамъият аст. Дар ин самт  чӣ  гуна дигаргунӣ ҳаст?
– Дар  олам шахси азизу  меҳрубонтаре аз модар  нест. Вуҷуди  мо аз  ӯст. 
Боиси хушнудист, ки  сарвари давлат ба ривоҷу равнақи  тиббиёт эътибори доимӣ медиҳад, аз ҷумла барои  ҳифзи саломатии  модару кӯдак дар  назди  мо, ворисони  Ибни Сино  вазифаҳои нав ба нав  мегузорад. Танҳо соли  равон  126 ҳазору  817 нафар бонувон  аз  назорати  тиббӣ гузаронида, 47 ҳазору  263 нафарашон дар  асоси  муайян гардидани хастагӣ  табобат гирифтанд.  
– Дар  соли  нав чӣ  гуна дигаргуниҳои азим  ба  нақша гирифта шудаанд?
– Шояд  шумо  хабардор бошед, ки соли 2024 аҳолии шаҳри Самарқанд  аз  як  миллион нафар мегузарад. 
Дар  соли  нав боз ду поликлиникаи оилавӣ, дар  шаҳрчаи  Қарасув  маҷмӯаи таваллудхонаи  замонавӣ барои  200 нафар, шабакаи  шаҳрии  «ёрии  таъҷилӣ» бунёд ёфта, ба  истифода  супурда мешаванд... 
– Аҳмадҷон Султонбоевич, чанде пеш  аз  шабакаҳои иҷтимоӣ  фаҳмидем, ки рисолаи доктори фанҳои тибро бомуваффақият  дифоъ кардаед. Фикр мекунам,  ин  туҳфаи хубе ба  50-солагиатон аст. Аз номи мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик» самимона муборакбод менамоем ва комёбиҳои нав ба нав таманно дорем.
– Як ҷаҳон ташаккур! 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: