ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН АҲАМИЯТИ МИНБАЪД ВУСЪАТ ДОДАНИ ҲАМКОРИИ БИСЁРҶАНБАРО БО ИНСТИТУТҲОИ СММ ТАЪКИД КАРД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 август ҳайати Созмони Милали Муттаҳидро зери роҳбарии ёвари Котиби генералии ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва поягузории сулҳ Мирослав Енча қабул кард.

Масъалаҳои минбаъд вусъат додани ҳамкории бисёрҷанба бо институт ва марказҳои СММ дар доираи татбиқи Мақсадҳои дарозмуддати рушди устувор муҳокима гардиданд.
Дар оғози мулоқот намояндаи воломақом Мирослав Енча ба роҳбари давлатамон паёми самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Котиби генералии созмон Антониу Гутерришро расонд. Таъкид шуд, ки сохторҳои СММ омода мебошанд, ки минбаъд низ барномаи бебозгашти ислоҳотро дар ҷиҳати сохтмони Ӯзбекистони Нав аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоянд. 
Бояд қайд кард, ки солҳои охир ҳамкориҳои муфиди тарафайни мамлакатамон бо СММ ба дараҷаи беназири баланд расид. Якҷоя қариб 140 барнома ва лоиҳа ба амал татбиқ мегарданд. Бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон шаш резолютсияи Ассамблеяи генералии Созмони Милал қабул гаштааст.
Ӯзбекистон дар фаъолияти Шурои ҳуқуқи инсон, Комиссияи шурои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва Кумитаи ЮНЕСКО оид ба мероси маданӣ ва бисёр дигар ниҳодҳо фаъолона иштирок менамояд.
Танҳо дар нимаи дуюми соли ҷорӣ дар мамлакатамон баргузор намудани чандин чорабиниҳои пураҳамияти байналхалқӣ дар доираи СММ, аз он ҷумла Конференсияи СОҶ оид ба бехатарии озуқаворӣ ва сессияи ҷашнии 25-уми Ассамблеяи генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зимни вохӯрӣ истиқболи ҳамкории амалӣ оид ба татбиқи вазифа ва мақсадҳои миллӣ дар ҷанбаи рушди устувор баррасӣ гардид.
Ба масъалаҳои амиқ сохтани муносиботи некҳамсоягӣ ва шарикӣ дар Осиёи Марказӣ ва пурзӯр намудани нақши Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентив дар ин ҷараён эътибори алоҳида нигаронида шуд.

ӮзА.

Сурати Хидмати матбуоти 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: