УСТОД АЙНӢ ВА МАСЪАЛАҲОИ КИШВАРШИНОСӢ

Устод Садриддин Айнӣ дар илму адаби тоҷики охири қарни XIX ва оғози асри XX, воқеан, аз бузургтарин шахсияте мебошад, ки моҳият ва ҷавҳари фаъолияти адабӣ, илмӣ ва публитсистии ӯро мо ҳанӯз ба пуррагӣ ошкор накардаем.

Хидматҳои ӯ дар шинохти миллати куҳанбунёд, таърих, забон, адабиёт махсусан, замоне, ки тақдири ӯ зери хатар қарор дошт, ниҳоят бузург аст. Ин нуктаро аз ҳамсафонаш шурӯъ аз устод Абулқосим Лоҳутӣ то ба удабо ва уламои имрӯз гуфтаанд ва эътироф намудаанд. Таъсири устод Садриддин Айнӣ ба таърихнигорон, нависандагон ва олимони баъди ӯ назаррас аст. Айниро на фақат олимони Шарқ, балки олимони русу Ғарб низ эътироф мекунанд. Шарқшиноси машҳури чех Иржи Бечка гуфтааст: «Шахсан ман ба адабиёти тоҷик баъд аз ҷанг ошно гардидам. Ба ман, алалхусус, асарҳои Садриддин Айнӣ таъсири амиқ гузоштаанд». Аз нигоҳи Иржи Бечка, устод Садриддин Айнӣ яке аз машҳуртарин нависандагони асри XX ба шумор меравад. Иржи Бечка, ки осори устод Садриддин Айниро тадқиқ карда ва мақолаҳои зиёде дар бораи ҳунар ва фаъолияти адабии эшон навиштааст, ба ин хулоса меояд: «Қисса ва ҳикояҳои мардуми Осиёи Миёна сарчашмаи беназир ба шумор мераванд… дар байни онҳо махсусан «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд».
Имрӯз муҳаққиқон ва ихлосмандон ба саволҳои худ аз осори устод Садриддин Айнӣ ҷавоб меҷӯянд. Хидмати устод Садриддин Айнӣ дар шинохти осори классикон (силсилаи мақолаҳо оид ба ҳаёт ва фаъолияти адибони гузашта, «Намунаи адабиёти тоҷик»), таърихи халқи мо (тавассути осори бадеӣ, публитсистӣ – повесту романҳои таърихӣ, «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»), шарҳи маънии вожаҳо  («Луғати нимтафсирии забони тоҷикӣ»), масъалаи таълим ва тарбия  («Таҳсиб-ус-сибён», «Духтарбача ё Холида», «Тартил-ул-қуръон»), бедории миллӣ, ҳисси ватандорӣ  (мақолаҳои «Маънои калимаи тоҷик») назаррас аст.
Масъалаи рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи моро ба дониши кишваршиносии наврасону ҷавонон ва умуман кулли мардум равона месозад. Ин масъала ҳанӯз соли 1927 дар шумораи якуми маҷаллаи «Дониш – биниш» (мақолаи «Кишваршиносӣ» дар назар аст) аз ҷониби устод Садриддин Айнӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. «Кишваршиносӣ илмест, ки дунёи ҳозираи мо дар асоси он пеш меравад», – бо чунин ҷумла оғоз меёбад мақолаи устод Ай-нӣ. Ӯ масъаларо аз як чизи хусусияти амалидошта ва одӣ оғоз мекунад: «Касе бошад, ки дар куҷо будани ҳавлии худро надонад, аз чанд хона доштани он бехабар бошад, афроди оилаи худро нашумурда бошад ва дар хонаи худ чӣ чизҳо доштанашро низ надонад, оё чӣ гуна зиндагӣ кардан метавонад?» (Садриддин Айнӣ. «Акнун навбати қалам аст». – Душанбе: Ирфон, 1977. – Ҷ.1. – С.295). Дар худи ҳамин як ҷумла моҳияти фан ва илми кишваршиносӣ ба таври хеле сода ва фаҳмо баён гардидааст ва ҳар як шахси дорои фаҳмиши миёна ҳам метавонад хулоса кунад, ки кишваршиносӣ илме будааст, ки масоҳатҳо, махсусиятҳои милливу маҳаллии одамони дар ин масоҳатҳо зиндагикунандаро меомӯхтааст. Аз як ҷумлаи устод Садриддин Айнӣ хонанда хулосаи аввалини худро мебарорад. Муҳимтар аз ҳама дар ҳамин ҷумла таъкид мешавад, ки «дар куҷо будани хонаи худро надонад». Ин пеш аз ҳама таъкид ба худшиносӣ ҳам ҳаст, моро ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми омӯхтани ин илм аввал бояд худу кишварамонро бишносем. Шахси бохабар ва огоҳ кишваршиносиро аз омӯзиши кишвари худ, аз сайру саёҳат ба атрофу акнофи он оғоз мекунад. Ҳар нафаре, ки аз осори бадеию публитсистӣ ва илмии устод Садриддин Айнӣ огоҳ аст, ба хубӣ дарк мекунад, ки худи аллома ҳамин сифатро дорост. Мисоли одии ин тасвири манзараҳои зодгоҳ, кӯчаву хиёбон, мадрасаҳои Бухоро дар «Ёддоштҳо», «Дараи Ниҳон» дар романи «Дохунда» ва ғайра мебошад.
Ба ин тариқ, устод Садриддин Айнӣ пас аз овардани ҷумлаҳое, ки дар боло иқтибос намудем, таъкид мекунад, ки: «Афроди як кишвар ҳам, агар он кишвари худро (ба хубӣ ва аз ҳар ваҷҳ  – Ш.У.) надонад, ба айни ҳамон одамест, ки хонаи худро аз ҳеч роҳ надонистааст». (Ҳамон ҷо, с. 295). Ин ҷо зарурати донистани ин илм таъкид карда мешавад.
Пас аз шарҳи содаи масъалаҳои «мафҳум дар бораи илми кишваршиносӣ» аллома ба масъалаи чӣ будани илми кишваршиносӣ наздиктар мешавад: «Акнун биёем ба сари ин, ки кишваршиносӣ аз чӣ чизҳо баҳс мекунад ва ба кадом роҳ хидмат менамояд».(Ҳамон асар, с. 296).
Ин ҷо мавзӯъро шарҳ доданӣ нестем, танҳо то кадом андоза муҳим будани ин илми кишваршиносиро таъкид намуданием. Зарурати онро дар солҳои 20-уми садаи ХХ таъкид намудани як нафар олим, педагог хеле пайғамбарона аст. Аллома таъкид менамояд, ки тамоми ҷумҳуриҳои иттифоқ, ҳатто қафомондатаринашон ба масъалаи омӯзиши ин илм чораҳо андешидаанд, аммо мо – тоҷикон ҳанӯз ҳам дар бораи ба роҳ мондани масъалаҳои кишваршиносӣ бепарвоӣ зоҳир менамоем. Нависанда дар идомаи сухан таъкид мекунад, ки ба замми ба роҳ мондани таълими илми кишваршиносӣ пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотӣ, марказҳои илмии кишваршиносӣ таъсис додан зарур аст.
Воқеан, пешниҳодҳои устод Садриддин Айнӣ дар мавриди ба роҳ мондани фаъолияти чунин як пажӯҳишгоҳи бузург дархури замони имрӯза аст. Устод Садриддин Айнӣ тавассути гузоштани савол, ки: «Ташкили кишваршиносӣ чӣ гуна бояд бошад?» (ҳамон ҷо, с.297), пешниҳод менамояд, ки марказ дар назди Комиссариати маориф ташкил шуда, ду-се нафар шахсони кордон тарҳи кори онро таҳия намоянд, бо мақомоти минтақавӣ робита барпо намоянд, шахсони донандаи маҳалро ба кор ҷалб намоянд. Барои пурра кардан ва васеъ намудани боби «Кишваршиносӣ» (дар маҷаллаи «Дониш – биниш» рубрикае бо номи «Кишваршиносӣ» ташкил карда шуда буд), ба ҳамаи мухбирон, нависандагон ва хусусан, муаллимони тоҷик лозим аст, ки ҳамроҳӣ намоянд». Устод Садриддин Айнӣ дар интиҳои мақола таъкид мекунад, ки ҳар як шахси соҳибватан бояд «аҳволи атрофи худ, урфу одат, забон ва лаҳҷа, суруд ва бозиҳоро нависад, аҳволи таърихӣ ва осори атиқаро бо санадҳои илмӣ навишта, ба идораи маҷалла фиристодан гирад». (Ҳамон ҷо с. 298).
Пешниҳодҳои устод Садриддин Айнӣ дар мавриди ташкил ва ба роҳ мондани кишваршиносӣ аз он далолат мекунанд, ки аллома хеле саривақт дарк карда будааст, ки ин илм чун ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ барои ҳар як шахс, махсусан барои мо – тоҷикон ниҳоят муҳим аст. 
Дар зер ин нуктаро ёдовар мешавем, ки дар ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан «Фейсбук» як гурӯҳ афроди ноогоҳ ва тангназар роҷеъ ба таърихи забону фарҳанг ва адабиёти тоҷик баҳсу мунозира карда, хидматҳои устод Садриддин Айниро нодида мегиранд, ки чунин амалкарди онон аз надонистани зиндагинома, осор ва фаъолияти ин абармарди таърих аст. Онҳо бояд бидонанд, ки устод Садриддин Айнӣ на фақат ҳамчун нависанда ҷойгоҳи сазовор дорад, балки дар ҳама соҳаҳо – чӣ сиёсат, чӣ маориф, чӣ забоншиносӣ, чӣ кишваршиносӣ ва чӣ таърихнигорӣ тадқиқотҳои арзишманд анҷом додааст ва дар баъзе самтҳои номбурда ин тадқиқотҳо ҳамчун тадқиқоти назариявии бунёдӣ шинохта шудаанд.
Устод Садриддин Айнӣ беҳуда ҷалби нависандагону рӯзноманигорон ва омӯзгоронро ба масъалаҳои кишваршиносӣ таъкид намекунад. Ин гурӯҳи пешбари шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд равшангари роҳи омма бошанд. Худи устод ҳамчун рӯзноманигор, адиб ва олим дар ин ҷода пешқадам буд ва мо баъзе намунаҳои таълифоти дорои хусусияти кишваршиносии ӯро дар аввали ин мақола номбар кардем. Ба мисли ҳамин ҳангоми тасвири бадеии воқеаву ҳодисаҳо ва  макон нависанда метавонад ҳамчун муаррифгари замону макони воқеа ба  махсусиятҳои миллӣ ишора намояд. Ба ин ба ӯ танҳо дониши мустаҳкам ва пойгоҳӣ метавонанд ёрӣ расонад.

Шервони УМРИДДИН,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: