Дар шаҳри Когон дар доираи «Ҳафтаи пиронсолон» бо ташаббуси бахши шаҳрии Маркази маънавияту маърифат ва гурӯҳи «Мактаби бибиҷонҳо» вохӯрии сенатор, намояндаи минтақаи бухорогии Вакили ҳуқуқи инсон (омбудсман) дар Олий Маҷлис Абера Ҳусенова бо ҷавонон ба амал омад.
– Комёбиҳои пай дар пае, ки насиби ҷавонони мо мегардад, ин пеш аз ҳама самараи ғамхорӣ ва эътибори ҷудогона ба таълиму тарбия, рушдёбии ҳаматарафаи ҷавонон дар солҳои истиқлол мебошад, – оғоз намуд сенатор. – Хусусан солҳои охир бобати рӯи об баровардани орзую умедҳои ҷавонон эътибор беш аз пеш афзудааст, – гуфт ӯ.
Сенатор инчунин ҳангоми гузориш дар бораи қонун, фармону қарорҳои сарвари давлат, қарорҳои Девони Вазирон, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон хидмат мекунад, аз ҷумла аҳамияти қонун «Дар бораи сиёсати давлат оиди ҷавонон» аз 14 сентябри соли 2016 таваққуф намуд. Дар тадбир оиди ислоҳоти васеъмиқёси солҳои охир, афзун гардондани савияи ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, дарк кардани моҳияти қонунҳо ва ғайра сухан рафт. Мазмун ва моҳияти гуфтаҳои Президент аз Муроҷиатнома ба парлумон дар бораи аҳамияти илму маърифат ва маънавияти воло бобати тараққиёти мамлакат таъкид ёфт.
Сенатор инчунин дар бораи фаъолияти қонунгузорӣ, назорат ва таҳлили парлумон ҳарф зада, ба пурсишҳои зиёди ҷавонон ҷавоб гардонд.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.