ЗИЁӢ, РӮЗНОМАНИГОР ВА ХУДШИНОС

Қариб ҳар рӯз бо устод Юнусзода дидорбинӣ насиб мегардад.

Аз аҳволи зиндагиву тинҷии ҳар ду хонадон, вазъи рӯзномаву маҷаллаҳои замон, мактабу маориф ва ҳоказо суҳбат мекунем. Ҳангоми вохӯрӣ пеш аз ҳама аз пешравиҳои рӯзномаи маҳбубамон – «Овози Самарқанд» ба ваҷд меоем.
Дар саҳифаҳои он дарсҳои худшиносиву инсонсозӣ моро мутаваҷҷеҳ месозанд. 
Ёд дорам. Миёнаҳои солҳои 80-уми асри гузашта дар синфи 6-уми мактаби зодгоҳам – Рустамобод таҳсили илм менамудам. Тирамоҳи заррин ҳукмфармо буду баргҳои дарахтон ранги тиллоӣ доштанд. Боди тирамоҳӣ кӯчаҳоро як-як рӯфта хазонҳоро ҳарҷо-ҳарҷо ҷамъ месохт. Ман он солҳо дар мактаб вазифаи сардори синфро бар зимма доштам. Рӯзе як марди миёнақад, ки дар даст асбоби суратгирӣ дошт, бо ҳамкораш вориди мактабамон гардид. Устоди фанни адабиёт Майсара Эшонқулова бо чеҳраи кушоду лабони пуртабассум меҳмононро хуш пазируфта, муаррифӣ намуд. 
– Ин мард мисли ман омӯзгори фанни адабиёт, рӯзноманигори фидоӣ, суратгири моҳир, шаҳписари Субҳонбобои оқмаҷидӣ – Толиб Юнусзодаанд, шахси дуюмро аз чӣ бошад, ки муаррифӣ накард. Устод М. Эшонқулова пас аз лаҳзае риштаи суханро ба Т. Юнусзода доданд ва ӯ рӯ ба аҳли синф оварда, гуфт:
– Шогирдони азиз, мақсад аз омадани мо ин аст, ки сараввал бо вазъи хониши шумоён ошно гардему сипас ба саволҳои шумоён аз рӯйи имкон ҷавоб диҳем. Хуллас, суҳбати мо бо устод он рӯз қаймоқ баст. Толиб Юнусзода, пас аз суҳбати самимӣ, моро ҳангоми танаффус ба суратгирӣ даъват намуд. Моён бо аҳли синф ва устодон дар саҳни мактаб, аниқтараш, дар оғӯши табиат ба акс афтодем. 
Ин мулоқот дар ёди мо монд. Паҳлуҳои дигари ноаёни шахсияти устодро ҳангоми кор дар рӯзномаи «Овози Самарқанд» дарёфтам. Ба он маънӣ, ки ин марди шариф на танҳо омӯзгори пешсаф, балки соҳиби касбу пешаҳои гуногун: рӯзноманигори фаъол, адиб, ронандаи бомаҳорат, нонвои беҳамто, маҳфилорои хушсухан ва устои гулдаст будааст. Устод ҳар гоҳ ки бо шогирдони асилу арҷмандаш: Баҳора Хуррамова, Ҳ.Норбоева, Лола Норбоева, Дилфуза Ҳайдарова ва Дилафрӯз Облоқулова рӯ ба рӯ ояд, хеле шод мешавад. 
Ин қатрае аз баҳр ё шаммае аз рӯзу рӯзгори пуршебу фарози Толиб Юнусзода аст. Хурсандибахш он аст, ки дар ин рӯзҳои офтобӣ Толиб Юнусзода баҳори 72-юми умри худро истиқбол мегирад. 

Файзулло НАРЗУЛЛОЕВ, рӯзноманигор.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: