Чанд сол аст, ки дар сартосари мамлакатамон ҷиҳати дастгирии ҷавонони боистеъдод корҳои пурсамар ба амал татбиқ мегарданд.
Чунончи, барои асосҳои илмро пухта омӯхтани насли ҷавон мактабҳои президентиву ихтисосонида дари худро боз намуданд. Зеро вақте инсон илму маърифат дорад, аз ботлоқи ҷаҳолату залолат раҳоӣ меёбад. Қалби эҷодкор бошад, саршори некиву некхоҳӣ аст, вай бо сухани худ ба қалби хонандагонаш тухми некиву накукориро мекорад.
Бесабаб нагуфтаанд, ки олами зоҳирии инсон таҷассумгари олами ботинии ӯст. Ин духтараки дӯстрӯй аз вохӯрии нахуст ба ман чунин таассурот гузошт. Вақте бо намунаҳои эҷодии Дилнура Адамбаева шинос гардидам, натиҷа гирифтам, ки олами маънавии ӯ ба ашъораш «кӯчидааст».
Дилнура Адамбаева соли 2008 дар Хеваи бостонӣ дида ба дунё кушод. Ҳоло хонандаи мактаби умумӣ буда, дар байни ҳамсолон бо аълохониву ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат аст.
Нахустин маҷмӯаи эҷодкори ҷавон аз хонаи табъу нашри «Хоразм нашр матбаа» бо номи «Ҳаёт бо модарам зебост» («Олам гӯзал онам билан») рӯйи нашрро дид. Маҷмӯа қариб 30 шеъри ӯро таҳти мавзӯъҳои эҳтироми волидайну устодон, ватандӯстиву зебоиҳои табиат дар бар гирифтааст.
Мегӯянд, ки дар кӯдак ҳисси меҳру муҳаббат бо аллаҳои модар пайдо мешавад. Кӯдак оламро бо афсонаҳои модар дарк менамояд. Шояд аз ин сабаб бошад, Дилнура китоби аввалини худро «Ҳаёт бо модарам зебост» номидааст.
Дарахт гӯзал баргидаги шабнам билан,
Шеърлар битар шоир қӯлда қалам билан,
Шундайин бир зот асли умри азиз,
Ҳаёт гӯзал ёлғизгина онам билан.
Тарҷумаи таҳтуллафзӣ:
(Дарахт зебост бо шабнами баргҳояш,
Шоир шеър менависад дар дасташ қалам,
Дар дунё нафарест бароям азиз,
Ҳаёт зебост танҳо бо модарам).
Дилнураи ҷавон мисли кӯдак қалби поку беолоиш дорад. Ӯ илҳому истеъдодро туҳфаи Офаридгор медонад.
Мен оддий бир қизман шеърлар ёзаман,
Гоҳо сӯз ахтариб эсдан озаман,
Бу ҳолимни ёқтирмайсиз сезаман,
Кимни ҳам келарди менга ҳаваси,
Тош отманг синади қалбим ойнаси!
Тарҷумаи таҳтуллафзӣ:
(Духтаре одияму шеър менависам,
Ғарқ гардидаам дар баҳри сухан,
Медонам з-ин ҳолам хушатон наояд,
Ва наояд ҳаваси касе бар ман,
Бар шишаи дил санг мазанед).
Дилнура қалами тезу бурро дорад, ӯро лозим меояд, ки пайваста илм омӯхта, қаламашро бурротар гардонад. Дар ин роҳи пурмашаққат ба ӯ комёбиҳо таманно дорем.
Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».