ДАРДҲОИ ДЕҲАИ ЗЕВАРОС

ё худ чаро фарзандони як деҳа бемактаб мондаанд?

Дар идомаи сафари эҷодии худ мо аз домани деҳаи Зеварос гузар кардем.  
Он рӯз мардуми деҳаи Ғӯтхокин пайраҳаҳоро бо ҳашари умумӣ аз сангҳо тоза мекарданд, то рафтуо ба деҳаҳои атроф, аз ҷумла Зеварос, осон бошад. Ба як гурӯҳ ҷавонон дучор омадем, ки дар даст белу каланд ин роҳи ягонаро ҳамвор месохтанд. 
Бояд гуфт, ки деҳаи Зеварос дар китфи рости дарёи шӯхоби Хоҷаи Пок воқеъ буда, ҳамагӣ 6 хоҷагӣ дорад ва шомили ноҳияи Бойсун аст. Вай дар васати роҳи деҳаҳои Ғӯтхокини ноҳияи Олтинсой ва Қӯрғончаи ноҳияи Бойсун ҷойгир шудааст. Дар самти офтоббарои он деҳаи сернуфус бо номи Деҳиболо ҷой гирифтааст, ки Зеварос тобеи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи мазкур мебошад. Деҳиболо дар баландӣ мавқеъ дошта, аз кулли шароит, яъне роҳи мошингард, барқ, алоқаи мобилӣ, хидматрасонии тиббӣ... бархурдор аст.
Дар Зеварос тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Назар ба маълумот 10 сол қабл аз ин шумори хонаводаҳои деҳаи Зеварос 15 адад будааст. Аммо қисми бештари мардум бинобар сахтии ҳаёт ба таҳдашт кӯч бастаанд ва дар ноҳияҳои Деҳнаву Олтинсой ва Шӯрчӣ муқим гаштаанд. Деҳа чун деҳоти Фангату Ғӯтхокин роҳи мошингард надорад ва мардум панҷ километрро тай карда ба Деҳиболо мерасанд ва аз онҷо бо мошинҳо ба маркази маъмурии ноҳияи Бойсун мераванд, ки 60 километр масофа дорад. Фарзандони деҳа дар мактаби рақами 19, ки дар Деҳиболо воқеъ буда, тобеи муассисаи таълими халқии ноҳияи Бойсун мебошад, таҳсил мекунанд. Онҳо як пули чӯбинро, ки ҳангоми сарозер омадани селҳои даҳшатбор зуд-зуд ба коми ин бало меравад, гузашта ба дабистон мерасанд.
Баҳром Нарзуллоев, сокини Зеварос, ки омӯзгор аст, гуфт: 
– Деҳа 7 хонанда дорад, ки 5 нафарашон дар синфҳои ибтидоӣ мехонанд. Аз соли хониши соли 2022-2023 бахши мактаби зикршударо дар Зеварос бастанд ва хонандагон бемактаб монданд. Дар давоми сол ду хонандаи синфҳои болоӣ моҳе як бор ба мактаб рафтаву таҳсил гирифтанд, 5 толибилми синфҳои ибтидоӣ умуман рафта натавонистанд, зеро роҳ дур аст ва аз хавфу хатар эмин нест.
Маълум гардид, ки солҳои пеш дурии роҳро ба инобат гирифта, аз соли 1991 дар Зеварос бахши (филиал) мактаби рақами 19-ро ташкил кардаанд. Дар он худи Баҳром Нарзуллоев дарс медод. Он то соли 2007 амал кардааст. Соли 2007 Баҳром Нарзуллоев аз ҳисоби худ як синфхона сохт, ки дару тиреза ва 25 адад шифери болои бомашро, кӯҳна бошад ҳам, маъмурияти мактаби болоӣ додааст. Ӯ ёдовар шуд, ки шиферҳоро худаш аз дурии панҷ километр ба харҳо бор карда, то Зеварос расондааст. Мутаассифона, нақшаи сохтмони мактаби замонавии дорои чаҳор синфхонаро, ки мебоист дар Зеварос созанд, бекор карда, лоиҳаро дар Деҳиболо татбиқ намуданд. Ваъда дода буданд, ки аз ҳисоби маблағи маҳаллӣ дар ин ҷо мактаби дигаре месозанд, аммо он ба доми фаромӯшӣ супурда шудааст. Баҳром Нарзуллоев аз ин ҷиҳат изҳори нигаронӣ намуд. Инак, як сол аст, ки бачаҳои деҳаи Зеварос мактаб намехонанд ва ояндаи норӯшане доранд. Муроҷиати чандинкаратаи мардум ба муассисаҳои дахлдор, ҳатто то Тошканд, бенатиҷа мондаанд.     
Мардуми деҳоти ин қаламрав дар ҳотаҳои худ бештар дарахтони себ ва чормағзу зардолу мепарваранд. Зеро ҳосили дарахтони мазкур бештар даромад меоранду дар бозорҳо талабгорони зиёд доранд. Занбӯрпарварӣ ҳам аз шуғлҳои дӯстдоштаи мардуми кӯҳистон ба шумор меравад. 
Б. Нарзуллоев гуфт, ки зиндагӣ дар кӯҳистон душвор аст ва сари ҳар қадам муаммоҳо мардумро азият медиҳанд. Хоса, набудани роҳи мошингард маншаи кулли мушкилот аст. Вай илова намуд, ки қариб ҳар сол  сел пули деҳаро хароб месозад ва мардум сарҷамъ омада, онро дубора барқарор мекунанд. Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки тани танҳо дар рӯдхонаи Хоҷаи Пок бо маблағи шахсии худ як пули нав сохта, ба истифодаи умум гузоштааст. Барои сохтани он, ки ду соҳили ин дарёчаи шӯхобро васл месозад, 30 миллион сӯм сарф кардааст. Аммо касе кафолат дода наметавонад, ки дар мавсими обхезӣ пул эмин хоҳад монд. Ҳарчанд ин мардум дар ҳунари пулсозӣ ҳамто надоранд ва мо инро бо чашми худ дида, бовар ҳосил кардем. 

Шариф ХАЛИЛ,
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигорони 
«Овози тоҷик». 

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: