ПЕШРАФТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАДДИ НАЗАРИ РАСОНАҲОИ АХБОРИ ОММАВИИ РУСИЯ

Маҷаллаи «Регионы России»-и Русия мақолаеро таҳти унвони «Шавкат Мирзиёев – ҳафт сол дар роҳи рӯшодии Ӯзбекистон» чоп кард.

Тавре ки нашрия таъкид менамояд, Шавкат Мирзиёев аз рӯзҳои аввали президентӣ ба сиёсати хориҷӣ эътибори зиёд дод, ба шарофати ин обрӯйи Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ қатъиян афзуд.
«Ба шарофати сарвари худ алҳол Ӯзбекистон бо кишварҳои зиёд, аз ҷумла Русия, Чин, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Туркия ва ғайра робитаҳои хуби шарикӣ дорад, – менависад маҷалла. – Танҳо соли 2021-ум табодули моли Ӯзбекистон бо кишварҳои олами араб 1,8 миллиард долларро ташкил дод. Содироти мол ба мамлакатҳои араб 25 фоиз афзуд ва ба 1,2 миллард доллар расид, воридот бошад, 3 фоиз коҳиш ёфт. Ҷумҳурӣ тилло, пахта, меваю сабзавот, маснуоти дӯзандагӣ, маҳсулоти кимиёӣ ва филизотро фаъолона ба содирот мебароварад. Ба Шавкат Мирзиёев пас аз тақрибан 30 соли гуфтушунидҳо куллан танзим додани мушкилоти сарҳадҳои худ бо Қирғизистон имконпазир гардид, нофаҳмиҳои мавҷуда бартараф карда шуданд».
Дар мақола таъкид мешавад, ки татбиқ сохтани лоиҳаҳои мухталифи инфрасохторӣ, ки ба рушди шабакаҳои нақлиётӣ, энергетикӣ, таъминоти об, сохтмони манзил ва соҳаҳои дигар нигаронида шудаанд, низ метавон натиҷаҳои кору фаъолияти роҳбари Ӯзбекистон маънидод  кард. Аз ҷумла, дар Ӯзбекистон бисёр роҳҳо сохта шуданд, фурудгоҳҳо, шабакаҳои электрӣ ва истгоҳҳои обию барқӣ  бозсозӣ гардиданд. 
Дар хулосаи мақола зикр мешавад, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев Ӯзбекистон инкишоф ёфт, соҳиби инфрасохтори замонавӣ гардид, дар тамоми ҷаҳон  иттифоқчиёну шарикони зиёде пайдо кард.
«Бидуни шубҳа, кор ҳанӯз зиёд аст, вале саҳми сарвари мамлакат дар рушди он аз имрӯз назаррас мебошад», – таъкид мегардад дар мақола.

АИ «Дунё», 
шаҳри МАСКАВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: