ТАВОЗӮЪ КУН, КИ ЁБӢ АРҶМАНДӢ...

Бузургони олам бо дуои модар бузург ва некному шуҳратёр гаштаанд.

Бузургони олам бо дуои модар бузург  ва некному шуҳратёр гаштаанд. Ҳар як фарди солимфикр барои модари худ, ки овони тифлӣ дар сари гаҳворааш шабро рӯз мекунад, ҳаловати худро ба тифлаш мебахшад ва то охири умр дуогӯйи фарзандаш мебошад, аз умқи дил гуфтаниҳое дорад.
Банда низ дар озмуни «Дуои модар», ки нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эълон намудааст, бо мақолаҳои худ бахшида ба модар, иштирок намудам. 
Бояд гуфт, ки вақте Тоҷикистон мегӯям, солҳои мактабхониам (солҳои 60-70-ум) ба ёд меоянд. Он солҳо тибқи барномаи таълимии Тоҷикистон савод баровардем, бо панду андарзи бузургони форсу тоҷик ба воя расидем, ба рӯзномаву маҷаллаҳои  Тоҷикистон – «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон», «Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», «Машъал»  обуна шуда, ҳар як шумораи онҳоро бесаброна интизор мешудем...
Халқи тоҷик аз қадимулайём меҳмоннавоз, инсонпарвар ва кушодадил мебошад. Дар Хуҷанди бостониву бӯстонӣ иштирокдорон ва меҳмонони озмуни номбурдаро мизбонон бо нону намак ва дилу чеҳраи кушод хайрамақдам гуфтанд. 
Вақте дар остонаи «Қасри Арбоб» чашмам ба сурати худ, ки дар қатори нависандагон, шоирон ва бонувони қаламфарсои тоҷик насб шуда буд, афтид, ғайриихтиёр ашк гулӯгирам кард...
Ёд дорам, рӯзгоре, ки мактабхон будам, барои духтарони деҳаи кӯҳии мо хонданравӣ манъ буд. Падару модарони соҳибмаърифат ба хурофотпарастии мардуми деҳ гӯш накарда, духтарони худро барои идомаи таҳсил мефиристоданд. Яке аз онҳо падари омӯзгори ман буд. Вақте омодагии роҳро ба Самарқанд медидам, модарам сертараддудтар мешуд. Халтаи маро бо нонҳои башир, чормағзу ғӯлинг, талқони себу тутмавиз пур мекард. Ва оҳиста аз зери остини барзадааш роҳхарҷӣ медод ва мегуфт: «Духтарам, медонам падарат харҷи роҳу хонданатро дод. Инро ҳам гир, барои духтарбача майда-чуйдаи зиёде лозим, камию муҳтоҷӣ накаш, аъло хон, боодоб шав, сабуриро пеша кун...»
Вақте бо падару модари азизам «то боздид» гуфта, ба ягона автобусе, ки мусофирони деҳаҳои дурдасти қаторкӯҳи Нураторо то маркази ноҳия мерасонд, нишаста то ба манзил расидан симои изтиробомези онҳо аз назарам дур намешуд...
Албатта, ҳакамони озмун на танҳо навиштаҳои маро муносиб донистанд, балки дӯстӣ, якдилӣ, ҳамзабониро низ гиромӣ доштанд. 
Инсонпарварии роҳбарони фурӯтан ва дурандеши Тоҷикистону Ӯзбекистон буд, ки мо дар чунин гирдиҳамоиҳою ҷашнвораҳо  иштирок намуда, хурсандӣ мекунем. Бадриддини Ҳилолӣ фармудааст:
Тавозӯъ кун, ки ёбӣ арҷмандӣ,
Фурӯтан шав, ки бинӣ сарбаландӣ.
 
Ба сифати модари панҷ духтар, ки ҳоло онҳо модарони ҷавонанд, дуо мекунам, ки аз кулбаи ҳар яки мо танҳо садои гиряву хандаи кӯдак баланд шавад, осмонамон соф, суфраву дасторхонамон пури нон бошад!

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: